Амира байни чор бародар духтари ягона ва ноздонаи волидайн ба шумор мерафт, падараш Қамар соҳибкори муваффақ ва марди сарватманд ба шумор мерафт.
Онҳо дар деҳаи дурдасти кӯҳистон зиндагӣ кунанд ҳам, дар пойтахт соҳиби хонаю дари бошукӯҳе буданд. Аҳли оила зимистон дар Душанбе ва тобистон дар деҳа умр ба сар бурда, аз чизе танқисӣ надоштанд. Амираи нозпарвард низ қад кашида зебою нозанин мешуд, падараш сарватманду таҳсилдида ҳам бошад, љоҳил буд ва намехост то духтараш хонданашро давом диҳад. Аз ин рӯ, ӯро баъди хатми синфи нуҳ аз мактаб гирифта хонашин карданд. Худи эркадухтар низ ба хондан он қадар шавқ надошту рӯзи дароз худро оро дода, бо амакдухтарҳояш лақ-лақ карда мегашт.
Одати бади дигараш ҳамроҳи модараш маърака ба маърака гаштан буд. Ҳарчанд Амира на ҳунаре дошту на аз уҳдаи хонадорӣ мебаромад, ӯро фотеҳа карданд. Аммааш ба эркадухтари додараш харидор шуду волидонаш аз вай напурсида, Амираро ба Умархон доданд. Қамарбой барои духтараш он қадар љиҳозе харид, ки даҳони мардум во монд. Бо барпо намудани тӯйи бошукӯҳу осмонкаф, арӯсро ба хонаи бахташ гусел карданд.
Умархон аз он меболид, ки эркадухтари соҳибљамоли тағояш ба вай насиб кардаасту Худо хоҳад, аз пушти арӯсаш соҳиби обрӯ ва давлату сарвати зиёде мегардад, вале….
Пас аз гузаронидани маъракаҳои баъдитӯйӣ арӯсро ба хилватгаҳи домод дароварданд. Умархон рӯйи рахти хоби зебои арӯсӣ либосҳои зебою хушбӯйи арӯсашро як-як аз танаш кашида, бо дидани тани сафеду пурҷилои келинчак дилаш дар қафаси сина мисли кабӯтари ваҳшии ба қафас афтода тапар-тапар ба задан даромад ва Амираи нозанинро ба оғӯш кашида, бӯсаборон кард.
Пас аз навозишҳои зиёд, домоди сармаст аз висол аз арӯс ком бардошта, домони исмати тағодухтарашро доғдор ёфта, фиғонаш баромад, вале модараш ӯро ба сабру таҳаммул хонда гуфт, ки ту худат дар бораи заношӯӣ ҳељ чизро намефаҳмӣ. “Духтари додарамро бадном карда, маро аз фарзандони падарам људо накун, ки худамро оташ мезанам”,- бо гиря арза дошт модар.
Умархон ба хотири модар дигар лаб во накард, вале пас аз ҳамон шаб бори дигар бистари арӯсашро зер накард.
Амира ба аммаш бо гиряву зорӣ гуфт, ки касе дасти маро надоштаасту писаратон маро тӯҳмат мекунад. Бечора холаи Зебӣ ба љиянаш бовар карда, писарашро ноуҳдабарою ландаҳур меномид. Умархонро бошад, чизи дигар азоб медод. Донистан мехост, ки кадом бебоке аввалин бор бо ҳамсари ӯ ҳамхоба шуда бошад?
Иқрору талоқ
Умархон ба хотири ташвиш надодани модараш шаб аз кор баргашта, ба хонаи хобаш медаромад, вале на болои рахти хоб, балки дар гӯшаяке болиштро гузошта хоб мерафт. Амира қариб ҳар шаб назди шавҳараш гиряву зорӣ карда, ӯро ба инсоф мехонд, вале Умархон як саволро ҳар шаб такрор мекард:
-Амира, агар ту иқрор шавӣ, ки домони исмататро кӣ доғдор кардааст, ман туро мебахшаму ҳамроҳат ба хотири тағою модарам зиндагӣ мекунам.
Пас аз гузаштани шаш моҳ косаи сабри Амира лабрез гашту бо гиря гуфт:
-Ту хуб медонӣ, ки модарам ҳар рӯз маърака ба маърака мегардад. як шаб ӯ ва падарам ба тӯй рафтанду писари холаамро барои ҳамроҳӣ ба назди мо оварданд. Акаи калониям низ ҳамроҳи онҳо рафта буд, Салом аз ин истифода карда, домони маро доғдор кард, он вақт ман синфи ҳашт мехондам.
Пас аз иқрори Амира низ дили сарди Умархон ба ӯ гарм нагашту дар солгарди тӯяшон ӯ духтари тағояшро талоқ дода, аз деҳа баромада рафт.
Амира мисли бонувони дигар аз шикасти бахташ ғусса нахӯрд, баръакс ба хонаи дар шаҳр будаашон рафта, ба курси ронандагӣ дохил шуду онро хатм намуд. Падараш барои духтари «дилшикастааш» мошини хориљии қимматбаҳое харид...
(Давом дорад)