Sebiston new 2024 october
Боғҳоро чаро сохтанд?
24.05.2023
ОИЛА
1073

 

Қариб дар ҳама шаҳру навоҳии мамлакатамон боғҳои фарҳангию фароғатӣ сохта шудаанд, то мардум аз онҳо истифода баранд.

Яке танҳо омада сайругашт мекунад, дигарӣ бо аҳли байт, сеюмӣ ҷуфт. Ҷуфт гуфтан ба он маъное нест, ки ҳатман духтар ё писаре бо дӯстдоштааш (ҳарчанд бо дӯстдоштаат якҷо нишастан дар боғ мамнуъ нест), балки бо ҳамсинф ё ҳамкурсат.

Сабаб дар чӣ бошад, ки агар як духтару як писар дар як курсии боғ якҷо нишинанд, сар аз худи сокинон то посбонон ва кормандони ҳифзи ҳуқуқ дигаргуна андеша мекунанд. Махсусан кормандони милиса ба нишастани ду нафар-писару духтар монеъ мешаванд.

Онҳо фикр мекунанд онҳо ҳатман рӯи харак бусобӯсӣ мекунанд. Чӣ кор кунем, ҷомеа чунин бадфикр шудаанд. Ҳол он, ки шояд нишастагон бародару хоҳар, ё ҳамсабақ бошанд ва таги дарахте дар бораи кореву чизе, масалан дарс ё муҳокимаи китобе нишаста суҳбат мекунанд. Магар ин айб аст ё гуноҳ?

Ба андешаи мо бо чашми каҷ нигоҳ кардан ва маломату пуписаи кормандони ҳифзи ҳуқуқ ба ҷуфти дар нишастгоҳҳои боғҳо нишаста аз паст будани маданияти онҳо дарак медиҳад. Ҳатто баъзан онҳоро ҷарима ҳам мекунанду таҳдид ҳам. Мо бояд аз ҷиҳати маданият болотар равем, чунин фикру ақидаҳоро аз сарамон берун кунем.

Аз ҷуфте тарсидан лозим нест, ки дар анҷуман нишаста сӯҳбат мекунад, балки дар хилват а аз чашми мардум паноҳ нишастани ҷуфтҳо нигаронкунанда аст.

Самия ОРЗУЕВА,

сокини шаҳри Кӯлоб

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД