Бонувони футболбози тоҷик барои анҷом додани бозиҳои дӯстона ба Дубай сафар карданд.
Тибқи иттилои Федератсияи футболи кишвар, байни тими миллии бонувони футболбози Тоҷикистон ва Аморати Муттаҳидаи Араб ду бозии дӯстона баргузор хоҳад гашт. Тамринҳо дар Дубай мегузаранд.
Рақобати бонувони футболбози Тоҷикистон ва Аморати Муттаҳидаи Араб рӯзҳои 1 ва 5-уми март дар шаҳри Дубай сурат мегирад.