Имрӯз дар шаҳри Хоруғ Чемпионати Тоҷикистон оид ба бокс байни наврасони солҳои таваллудашон 2008-2009 оғоз ёфт.
Мусобиқа то 20-уми май идома ёфта, дар он зиёда аз 100 варзишгар аз вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иштирок менамоянд.
Дар ин хусус “Ховар” хабар додааст.