Arzon march 2024
БОХТАР: ТАШХИСГОҲИ ВИРУСОЛОГӢ  БА ФАЪОЛИЯТ ШУРӮЪ КАРД
1613

 Бо ташаббуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҷиҳати сари вақт муайян намудани бемории сироятии коронавирус дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон 26 майи соли равон як ташхисгоҳи вирусологӣ ба кор сар кард.

Директори Маркази назорати давлатии санитарию эпидимиологӣ дар вилояти Хатлон Нурулло Бояков зимни суҳбат гуфт, ки "ин ташхисгоҳ дар назди ташхисгоҳи Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Хатлон ба кор оғоз кард". Ӯ инчунин изҳор дошт, ки лабораторияи мазкур имкони дар як шабонарӯз гузаронидани 150-200 таҳлилро дорад. "Мутахассисони мо бо дастгирии як соҳибкори маҳаллӣ барои кор дар ин ташхисгоҳ аз курси махсуси омӯзишӣ дар Муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи тиббии профилактикии Ҷумҳурии Тоҷикистон” гузаштанд. Айни замон, дар  ин ташхисгоҳ ба мутахассисони мо тарзи гузаронидани таҳлилҳоро меомӯзанд",- илова кард ӯ. Ба гуфти мавсуф чунин як ташхисгоҳи вирусологӣ барои муайянсозии бемории COVID-19 дар шаҳри Кӯлоб низ ба кор шурӯъ кард. Қаблан сомонаи "Оила" аз мавҷуд набудани тестҳои санҷишии коронавирус ва лабораторияи вирусшиносӣ дар ш. Кӯлоб иттилоъ дода буд. Баъди ин сомона аз қавли ҳафтаномаи ҷамъиятии "Пайк", ки муқими Кӯлоб аст, сироят ёфтани кормандони онро тасдиқ кард. Ахиран, таъсиси ин ташхисгоҳ ба мардуми шаҳр ва минтақаи Кӯлоб сабукии зиёд хоҳад овард, зеро акнун дар ду минтақаи ҳудуди вилояти Хатлон анҷом додани ҳамаи таҳлилҳо имконпазир гардид. Қаблан намунаи таҳлили гумонбарони бемории COVID-19 барои ташхис ба шаҳри Душанбе фиристода мешуд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД