Салом! Ман хӯрдани донагиҳо, махсусан бодомро сахт дӯст медорам. Модарам ҳамеша барои бодомхӯракиам маро сарзаниш карда мегӯянд, ки донагии бисёр ба саломатии инсон зарар дорад.
Ҳайронам, наход бодом барин чизи бомазза ягон фоида надошта бошад?
Меҳрангез аз шаҳри Тунсунзода
Посух
Албатта ҳама чиз бояд андозаи муайяни худро дошта бошад. Донагии зиёд хӯрдан кори меъдаро машкилтар месозад, зеро ҳазм намудани он каме душвор аст. Дар бораи фоидаю зарари бодом бошад, ҳаминро гуфтанием, ки бодом дар баробари болаззат буданаш манфиатҳои зиёде дорад. Он аз сафеда ва магний бой буда, мушшакҳоро нарм ва асабро ором месозад. Илова бар ин, донаи бодом манбаи арзишманди мелатонин буда, метавонад сатҳи кортизол-гормони стрессро, ки ба хоби бароҳати инсон халал мерасонад, коҳиш диҳад. Тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки равғани эфирии мағзӣ, яъне равғани бодом таъсири оромкунанда дорад.
Касоне, ки аз бехобӣ азият мекашанд, агар пеш аз хоб каме бодом хӯранд, асабҳояшон ором гирифта, бароҳат мехобанд. Табибони халқӣ тавсия додаанд, ки агар кас 7 ё 11 дона мағзи бодом ё равғани бодомро дар меъдаи холӣ 2 соат пеш аз хоб истеъмол намояд, дар мубориза бо бехобӣ кӯмак карда, боиси хоби орому осуда мегардад.