Бо ваъдаи бурд 2 млн рублро ба ҷайб задааст
Сокини 32-солаи ноҳияи Вахш бо истифода аз шабакаи иҷтимоии YouTube ваъдаи бурдҳои калони пулӣ дода, аз шаҳрвандон беш аз 2 миллион рубли русиро тасарруф кардааст.
Ба иттилои Вазорати корҳои дохилӣ, Назаров Илҳом дар шабакаи YouTube саҳифаҳои «Nazar-pro» ва «7991»-ро истифода бурда, дар пахшҳои мустақим ба иштирокчиён ваъда медод, ки бо харидани чиптаи 20 ҳазор рублӣ метавонанд соҳиби 100 ҳазор рубл шаванд.
Аммо, тавре маълум шудааст, чунин бурдҳо воқеан вуҷуд надоштаанд. Ӯ бо ин роҳ аз боварии шаҳрвандон истифода карда, маблағи зиёда аз 2 миллион рубли русиро ба даст овардааст.
Гуфта мешавад, ки гумонбар аллакай дастгир шуда, нисбаташ бо моддаи «Қаллобӣ ба миқдори махсусан калон»-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.
Айни замон аз рӯйи ҳодиса тафтишот идома дорад.