arzon replenishment
Бо шампун рӯй шустан мумкин аст?
28.07.2024
ОИЛА.ТҶ
282

Табиб-косметолог ва трихологи рус - Шаяхметова Азалия Хамитовна ба саволи он ки оё шампунро барои шустани рӯй истифода бурдан мумкин аст, чунин посух медиҳад:

- Бояд гуфт, ки аксарият фарқияти воситаҳои шустушӯиро намедонанд. Бо шампуне, ки барои шустани мӯйи сар пешбинӣ шудааст, пӯсти рӯйро шустан лозим нест. Сабаб дар он аст:

- шампун барои мӯй барои пӯсти рӯй мувофиқ нест;

- дар таркиби шампун моддаҳои фаъоле (ПАВ-ҳо) ҳастанд, ки пӯсти рӯйро хушку сурх мекунанд;

- микробиомаи пӯст аз мӯй фарқ мекунад;

- силиконе, ки дар таркиби шампун вуҷуд дорад, сӯрохиҳои пӯсти рӯйро маҳкам мекунанд.

Дар баробари ин, шампунҳое ҳастанд, ки таъсири зиддизамбурӯғӣ доранд (масалан, кетоконазол, сертаконазол) ва пӯсти гирифтори “фолликулит” ё “лишай” бударо табобат мекунад. Дар сурати чунин беморӣ доштани пӯст шампун муваққатан пӯстро табобат мекунад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД