Бо мақсади ҳифзи парандагону ҳайвонот корҳои биотехникӣ гузаронида мешаванд
23.01.2026
Oila.tj
49

Бо мақсади пешгирӣ намудани талафоти олами ҳайвонот ва парандагон аз сардиҳои зимистон аз ҷониби Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ корҳои биотехникӣ идома доранд.

Бино ба иттилои агентӣ, аз ҷумла, дар Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Айнӣ ба хотири таъмин намудани ғизои ҳайвонот ва парандагон дар мавзеъҳои махсуси ҳайвонгузар ва ҷойҳои сукунати парандагон ҷав, гандум, кунҷора, намак ва хошок пошида шудааст. Бо ин мақсад дар Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Файзобод низ корҳои биотехникӣ гузаронида шудаанд.

Дар ҷараёни ин чорабиниҳо барои таъмин намудани ғизои ҳайвонот ва парандагон дар мавзеъҳои махсуси ҳайвонгузар ва ҷойҳои сукунати парандагон, дар маҷмуъ зиёда аз 200 килограмм гандум, 50 килограмм олучаи хушк, 100 килограмм себи хушк ва 300 килограмм хошок пошида шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД