Arzon march 2024
Бо хоҳари ширхора никоҳ кардан равост?
2023

Як ҳодисаро аз ҳаёти дӯстам нақл карда, маслиҳати шуморо фаҳмидан мехоҳам. Як бародари мо ба духтаре ошиқ шудааст, ки бо апааш ширхора аст. Мегуфтед, ки ӯ ҳамин духтарро ба занӣ гирифта метавонад ё не?

ДАЛЕР, ш. Норак

Посухи домулло Ҷамолиддин Хомӯшӣ:

- Бародари азиз, агар бародари шумо аз модари он духтар шир хӯрда бошад, пас фарзанди онҳо ба шумор меравад ва никоҳаш бо ҳеҷ яке аз он духтарон ҳалол нест. Апаи он духтар аз модари шумо шир хӯрда бошад, дар ин сурат фақат апаи ӯ барои шумо ва бародаратон ҳаром аст, зеро ӯ хоҳари ширхораи шумо ба ҳисоб меравад. Хоҳари ӯ барои шумо бегона ва никоҳи бародаратон бо ӯ дуруст аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД