Arzon march 2024
БО ҶИЯНИ БЕРОҲААТ ХОНАДОР НАМЕШАВАМ, ДАДА!
5050


Ман Рауф, хонандаи ҳамешагии ҳафтаномаи “Оила” ҳастам.

Сабаби ба ин ҷаридаи дардошно муроҷиат намуданам дар он аст, ки падарам маро ба дӯстдоштаам нею ба духтари аммаам хонадор кардан мехоҳад.

Аз минбари баланди “Оила” ба падари якраву бадхашмам гуфтан мехоҳам:

Падарҷон! Ман шуморо ҳурмат мекунам, то ба имрӯз ягон сухани шуморо нашикастаам. Имрӯз, ки зиддият нишон дода, маро аз ошиқам ҷудо карда истодаед, аз шумо сахт ранҷидам ва ба ҳамин хотир ба сомона занг задам, то арзи маро қабул созанд. Ману Адиба ҷуфти муносиб нестем.

Охир, Адибаи духтараммаам чандон солим нест ва гапу корҳое мекунад, ки ба ақли солим намеғунҷад. Аз ҳамин сабаб, бахти писаратонро насӯзонед, ота! Гуфтаму боз мегӯям, ки ман бо Адиба хонадор намешавам, агар якравӣ карда, моро маҷбур тӯй кунед, ман сарамро гирифта, аз хона баромада меравам.

Рауф

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД