Се модари танҳо, ки сокинони деҳаи Турсун Тӯйчиев (Саркор)-и шаҳри Турсунзода мебошанд, ба идораи сомонаи Оила. ТЧ муроҷиат намуда, хоҳиш карданд, ки арзу доди онҳоро ба раиси шаҳри Турсунзода бирасонем.
Ба гуфти ин бонувон, онҳо чанд сол боз азоби бехонагӣ мекашанд ва аз ночорӣ дар як бинои кӯҳнаву фарсуда, ки қаблан боғчаи бачагона буд, зиндагӣ мекунанд, вале акнун онҳоро аз ҳамин бинои нообод низ берун карданиянд.
Яке аз муроҷиаткунандагон Насиба Мардонова фарзанди маъюб дорад. Ба гуфти худи зан, шавҳараш чанд сол боз бедарак аст ва ӯ дар баробари парастории 5 фарзанди падардори бепадараш ҳамчунин волидони солмандашро нигоҳубин мекунад, зеро онҳо ба ғайр аз Насиба дигар ягон фарзанд надоранд. Муддати 20 сол мешавад, ки аҳли ин оилаи камбағал азоби бехонагиву дар ба дарӣ мекашанд.
“Аз ночорӣ бо падару модари пир ва фарзандони зиндаятимам дар садик (боғчаи бачагона)-и кӯҳна зиндагӣ мекунам. Шароиташ хеле бад ва пур аз мору хазандаҳо бошад ҳам, шукр мегуфтем, ки дар болои сарамон як сарпаноҳ ҳаст, вале акнун моро ронданиянд. Гаштаву баргашта гуфта истодаанд, ки агар ба хубӣ набароед, кӯчу бандатонро ба берун мепартоем. Аз ин ҷо ҳам пеш кунанд, дар кӯча мемонем”-мегӯяд Насиба Мардонова.
Тақдири Комила Раҳмонова низ ба сарнавишти Насиба монанд аст. Ин зан чанд сол пеш бо ду фарзанд аз шавҳараш ҷудо шудааст ва дар ҳамон боғчаи кӯҳна умр ба сар мебарад. Комила мегӯяд, маблағи ночизе, ки бар ивази кор дар далла (кор дар заминро дар назар дорад) мегирад, базӯр ба хӯрду хӯроки фарзандонаш мерасад ва имконияти ба иҷора гирифтани хонаро надорад.
“Дигар ҷойи рафтан надорем, агар кӯчу бандамонро аз дар берун кунанд, дар кӯча мемонем”-мегӯяд Комила.
Улмасхон Юсупова бошад, модари 6 фарзанд аст. Шавҳараш ба қавли худи зан аз Ӯзбекистон будааст ва тарки хонавода намуда ба зодгоҳаш баргаштааст. Дар сурати ронда шудан аз боғчаи кӯҳна ин оилаи калон бо мушкилоти зиёде рӯ ба рӯ хоҳад гашт.
Хоҳиши ягонаи ин занҳо аз ҳукумати шаҳри Турсунзода ҳамин аст, ки онҳоро ақаллан дар ягон хобгоҳ ҷой кунанд, то бо фарзандонашон дар кӯча намонанд.
Умедворем, ки ҳукумати шаҳри Турсунзода нисбати тақдири ин модарони танҳо бетараф намонда, албатта ба онҳо дасти ёрӣ дароз менамоянд.