Formula novemver 2024
Бо ду сура намоз хондан равост?
25.03.2022
ОИЛА
3092


7 сол мешавад, ки дар зиндон қарор дораму бо ду сура, сураи Фотиҳа ва Ихлос намозамро мегузорам.

Фаҳмидан мехостам, ки бо ду сура намоз хондан ҷоиз ҳаст ё не?
Хонандаи “Оила”


Посухи домулло Ҷамолиддини Хомӯш

Намоз фарз аст, бояд ҳар як фарди мусалмон онро адо кунад. Ҳукми хондани сураҳо тибқи мазҳаби имом Абуҳанифа (р.ҳ) ин аст, ки дар намоз хондани як оят фарз аст. Хондани сураи Фотиҳа воҷиб аст ва болои сураи Фотиҳа хондану зам кардани як ояти дароз ё ки ояти кӯтоҳ воҷиб аст. Аз ин лиҳоз, вақте фарз маъзур бошаду дигар илоҷ надошта бошед, метавонед бо ду сура намози худро адо кунед. Минбаъд кӯшиш кунед, ки сураҳои дигарро низ азбар намоед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД