arzon replenishment
БО ДАСТИ ХОЛӢ БА ВАТАН БАРГАШТАМ
2281

Ман Умед, зодаи шаҳри Норак. Айни ҳол дар Русия мебошам. Дӯстонам ҳар сол ба ин ҷо омада, соҳиби мошинҳои қимматбаҳо мешуданд, ҳаваси пулдор шудан маро низ ба мулки ғурбат овард.

Ба гуфти мӯйсафедон думи Санҷарбеки ҳамсинфамро гирифта, ба Русия омадам. Гумон доштам, ки дар ин ҷо барои кори одӣ маблағи калон медиҳанд ва ду-се сол кор карда, бой мешаваму як умр хӯрда мегардам, вале азобу ранҷи мусофириро бо чашми сарам дида, дилам аз дунё хунук шуд. «Стройка» кори бисёр вазнин будааст. Субҳи содиқ аз баҳри хоби ширин гузашта, ба сементшӯрӣ сар мекунию бегоҳ бо миёни дардманду ҷони ба лабат расида, ба иҷорахонаи танг бармегардӣ. Як моҳ базӯр ба кори сохтмон тоқат кардаму баробари гирифтани маошам ин ҷо ҷойи ман набудааст, гуфта, ҳисобӣ намудам. Бо пули маошам сару либос ва телефони «Аyfon-4» гирифтаму аз шаҳри Москва, ба назди бачаҳои ҳамдеҳаамон, ки дар Перм буданд, рафтам.

Кори онҳо аз кори пешинаам вазнинтар будааст, ҳамин тавр нозу нуз карда, як моҳи дароз саланг-саланг гаштам. Нози фарзанд фақат ба модараш меғунҷад, гуфтагӣ барин, ҷуз модар дигар касеро ғамшарик наёфта, ҳар рӯз ба очаҷонам занг мезадам ва талаб мекардам, ки пул фиристанд, чунки дигар дар мулки рус зистан намехоҳам. Муддати як моҳ аз ҳисоби бачаҳои ҳамдеҳаамон хӯрда гаштаму фикр накардам, ки ҳар як тини хӯрдаамро ҳисоб мекунанд ва қарзам ба арш дакка мезанад. Бечора модарам аз бонк бо гарав пул гирифта, ба ман ба Русия фиристод. Бо ҳамин пул чипта харида, ба Ватан баргаштам.

Нақша кашида будам, ки дар ҳамин ҷо ягон кораки сабук меёбаму оҳиста-оҳиста пули бонкро бармегардонам, вале ҷӯраҳоям занг зада, таъкид карданд, ки то баргаштанашон пулҳои дар Русия аз ҳисоби онҳо хӯрдаамро тайёр карда монам. Намедонам, сарамро ба куҷо занаму аз куҷо пул ёбам!

Умед, аз ш. Норак

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД