Дирӯз дар “Кохи Суруш”-и шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупории “Блогери сол” аз рӯи 10 самт баргузор гардид. Ҳама блогерони маъруф дар толори “Кохи Суруш” ҷамъ омада буданд.
Сараввал ровиён Фирдавси Каримзод ва Ҷамила Назарова ному насаби блогеронро муаррифӣ намуда, ба толор даъват карданд.
Дар оғози чорабинӣ раиси Ассотсиатсияи блогерони Тоҷикистон Бахтиёр Маҷидов суханронӣ намуда, ба ҳамаи блогерон муваффақият таманно кард.
Аз рӯи 10 самт блогерони зерин ғолиб омаданд:
- Ҳунарпеша-блогери сол - Амина Ҳафизова ва Ғолиб Мусоев.
Фуд-блогери сол - Шоин Муродов.
Блогери сол дар самти омӯзишӣ - Саъдӣ Тоирзода.
Фейшн-блогери сол - Сафина Ғоибова.
Бюти-блогери сол - Соро Абдулхайр.
Лайфстайл-блогери сол - Умеда Парсаева.
Дизайн-блогери сол - Сино Ибрагимов.
Эътирофи сол: Dushanbe police.
Панду насиҳат-блогери сол - Фатҳиддин Одинаев
Вайнери сол: Азам Назриев (Zanjabilbro).