Бистрӯзаи якуми пахтачинӣ: Мастчоҳ ғолиби мусобиқаи меҳнатӣ шуд
22.09.2025
Oila.tj
193

Дар назди Театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ маросими ҷамъбасти бистрӯзаи якуми маъракаи пахтачинӣ дар вилояти Суғд баргузор гардид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд, дар ҷамъомад фаъолияти пахтакорони вилоят натиҷагирӣ шуда, ғолибони мусобиқаи меҳнатӣ муайян гардиданд. Тибқи ҷамъбасти натиҷаҳо, ноҳияи Мастчоҳ мақоми аввал, ноҳияи Спитамен ҷойи дуюм ва дар миёни ҷамоатҳо ҷамоати деҳоти Ҳаёти нави ноҳияи Ҷаббор Расулов ғолиб дониста шудаанд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ба ғолибони мусобиқа вимпел ва мукофотҳои пулӣ супорида, ба роҳбарони ноҳияҳои пахтакор ва дигар масъулони соҳа барои сари вақт, пурра ва бе талаф ҷамъоварӣ намудани пахта дастуру супоришҳои мушаххас додааст.

Ҳамзамон, ба як қатор хоҷагиҳои пахтакор ва чинакчиёни беҳтарин туҳфаҳои хотиравӣ супорида шудааст.

Тавре зикр гардидааст, нақшаи истеҳсоли пахта дар ноҳияи Мастчоҳ 27 ҳазору 391 тонна буда, то имрӯз 9 ҳазору 283,9 тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки ба 33,9 фоизи нақша баробар мебошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД