sebiston july new
Билол ба Томирис изҳори ишқ кард
1082

Билол Ғафурӣ, сарояндаи ҷавон, таронаи навашро бо номи “Ишқи ман” сароид.

Матни шеър ва оҳанг аз Файзалӣ Умаров буда, танзими мусиқиро Фаридуни Хуршед анҷом додааст. Дар клип нақшҳои асосиро худи Билол ҳамроҳи духтаре бо исми Томирис бозидаанд.

 

Дар клип Билол бо мошини қимматбаҳо ва гулдастаи зебо ба назди духтаре мераваду ӯро ба мошин савор карда, сайри шаҳр мекунанд. Баъдан онҳо даст ба даст барои тамошо ба лаби баҳр мераванду онҷоро бо ҳам мебинанд ва ниҳоят пойи пиёда мегарданд. Дар охири клип онҳо бо ишораи даст рамзи дил карда, ишқи худро ба ҳам иброз мекунанд.

Билол Ғафурӣ зимни суҳбат бо Oila.tj гуфт, клип дар шаҳри Боку, пойтахти кишвари Озарбойҷон, бо заҳмати хеле зиёд сабт гардидааст.

"Таронаро танҳо ба хотири мухлисон пешкаш кардам. Инчунин, рӯзҳои наздик мухлисонамро сюрпризҳои хеле зиёд интизоранд", - гуфт сароянда.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД