Formula july 2024
БИБИҶАМОЛ НАИМОВА: ДАР РӮИ ЯК ГИЛЕМИ ТУНУК ХОБ МЕРАВАМ!
4038

 

Ман Наимова Бибиҷамол, соли таваллудам 1958, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Ваҳдат мебошам. Вақте ману шавҳарам хонадор шудем, ӯ маро ба зодгоҳаш шаҳри Бохтар (собиқ Қӯрғонтеппа) бурд ва дар он ҷо зиндагӣ мекардем.

Бо амри тақдир, соли 1987 ман аз шавҳарам ҷудо шудам ва баробари сар шудани ҷанги шаҳрвандӣ ба шаҳри Ваҳдат баргаштам ва ман дар Комбинати биносозии шаҳр ба ҳайси рангуборчӣ ба кор даромадам. Ҳамзамон, дар хобгоҳи комбинат зиндагӣ мекардам. Ҳамин тавр, қариб 14 сол дар хобгоҳи комбинат зиндагӣ кардам. Дар замони ҷанг ҳама чизу чораи комбинатро ба яғмо бурданд ва баъди чанд соли ҷанг онро нафаре харид. Ӯ раис буд, аммо комбинатро дубора ба кор дароварда натавонист.

Ҳоло дар қайди ҳаёт ҳам нест. Баъдан комбинатро Ҳамза Фозилов харид ва ба мо гуфт, ки “Шумо хобгоҳро холӣ карда, хона ба иҷора гиред, вақте комбинат соз шуд, шуморо дубора даъват мекунам”. Дар ёдам ҳаст, ки ҳамон вақт Ҳамза Фозилов пули думоҳаи иҷораро дода буд. Аз рӯзе, ки аз хобгоҳ баромадам, то ҳол, 10 сол мешавад, ки ман дарбадарам. Бовар накунед, рафта, хонаи иҷораамро бинед. Дар рӯйи як гилеми тунук зиндагӣ мекунам. Аз масҷид бароям кӯрпаву кӯрпача доданд. Писарам 36-сола мешавад, вале ман то ҳол аз нодорӣ ӯро хонадор карда наметавонам.

Ҳар куҷое хостгорӣ равам, хонаву дар надорӣ гуфта, духтар намедиҳанд. Даҳ сол мешавад, ки дар навбати замин истодаам, аммо то ҳол як порча заминро надодаанд. Ҳар моҳ бояд 300 сомонӣ барои иҷора ва 30 сомонии дигар барои қувваи барқ пардохт кунем. Дигар зӯрам намерасад. Писари ман дар кӯчаву бозорҳо испанд дуд мекунад, ки ба ӯ аз 50 дирам-1 сомонӣ зиёд пул намедиҳанд. Ҳамагӣ 200 сомонӣ нафақа мегирам, ки ақаллан як халта орд намешавад. Худатон бигӯед, ман чӣ кор кунам? Дигар зани ҷавон нестам, ки баромада, худам кор кунам.

Синну солам ба ҷое расидааст, илова бар ин, бемор ҳастам. Ақаллан соҳиби як дар хона мешудаму писарамро зан медодам. Аз ҳама ҷавонмардони бонангу номуси диёр хоҳиш мекунам, ки ба ман кӯмак кунанд. Рақами телефон: 906776620, корти бонкӣ: 6233510110182418 (Спитамен Бонк)

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД