Давомаш ...
- Оча, ман хондан мехоҳам Ана апаамро бин, хонда дар бонк кор мекунад. Ман зуд шавҳар кунам?!, - норозиёна гфт духтар.
- Духтарам апаат ба умеди бонк шуда, умраш ба домони сӣ дакка занад ҳам, то ҳол касе пойгаҳи дарамонро барои хостгорӣ зер накардааст. Ту шавҳар мекунӣ, баъд мехонӣ тамом!
Тўй муборак шавад!
Ману Саид имтиҳонҳои давлатиро месупоридем. Як рўз ў дар танҳоӣ ба ман изҳори ишқ карда, гуфт:
- Фозилаҷон, ман туро дўст медорам. Инро ба падару модарам низ гуфтам. Падарам мегўянд, ки “бо ин савод ту мактаби олӣ хонда наметавонӣ. Аққалан як сол дар яке аз магазинҳоямон савдо кун, баъд он тарафашро мебинем”.
Нақшаи кашидаи модарам ба хотирам расиду гуфтам:
- Саидҷон, ман ҳам туро дўст медорам, вале маро ба як хешамон, ки дар қишлоқ зиндагӣ мекунад, ба шавҳар медиҳанд.
Чеҳари Саид дигаргун шуду дар чашмонаш ашк ҳалқа зад. Ман ба нишон расидани тирамро дида, илова кардам:
- Баъди имтиҳонҳо тўй…
Хостгорӣ
Саид он рўз ғамгину хастаҳол буд, дар оилаи онҳо чӣ шуду чӣ гузашт намедонам, вале баъди ду рўз аз тарафи онҳо ба хонаамон хостгор баромад. Падару модарам як моҳи дароз қудошавандаҳоро давонданд. Ман медонистам, ки ин «реклама» - и модарам аст.
Апаам дар хона шӯри қиёмат барпо кард, ки “наход ман истода хоҳарамро ба шавҳар диҳед? Бояд аввал ман шавҳар кунам”. Хулоса, ҳама кор аз рўйи нақшаи модарам амалӣ шуду баъд аз як моҳи хатми мактаб ман арўси хонаводаи сарватманде гаштам.
Саиди содда, ки ўро ягон духтар писанду манзур намекард, бо сад ҷон ошиқи ман шуд ва аз гапам як қадам берун намемонд. Дар хонаводаи хусуру хушдоман ман мисли маликаҳо зиндагӣ мекардам. Кай, ки хоҳам аз хобам мехестам, чизе хоҳам мехўрдам. Дар хона аз ҳисоби хешони қишлоқии хушдоманам се - чор хизматгор доштам.
Нони танҳоӣ
Зиндагии хонаи модарам акнун пурра бар дӯши ман буд. Ман пинҳонию рушод ба хонаи онҳо чиз мекашонидам. Модарам насиҳатам мекард, ки ҳамеша хусурамро ҳурмат кунам. “шавҳаратро хар барин алаккай савор шудаӣ. Сабзаи содда ба ҳурмат ҳам намеразад”, - хандида, мегуфт ў.
Хусурам маро бисёр дўст медошт ва ҳар гоҳи аз кор баргаштан бароям як сумка ширинию тўҳфаҳои ҳархела меовард. Мисли кўдак эркаам мекард.
Ҳомиладор шудаму дилам оромӣ мехост ва аз Саид хоҳиш кардам, ки то таваллуд шудани фарзандамон бояд ба хонаи алоҳида кўчем, зеро дар ин хонаи сермеҳмон наметавонам. Саид бо падараш маслиҳат карда, маро ба хонаи дар маркази шаҳр будаашон бурд. Хусурам акнун зуд - зуд ба хабаригириамон омада, аз пештара дида зиёдтар эркаам мекард.
Хушдоманам аз ин рафтори ман каме хафа шуда бошад ҳам, зуд - зуд омада меравафту хафагиашро нишон намедод. Дилам ба нони танҳоӣ одат карду баъди таваллуди фарзандам низ дигар ба хонаи хушдоманам нарафтам…
Хушдоманам инро дида, насиҳатам кард, ки ба хона баргардам. Ман стресси баъди таваллудро баҳона карда, чунон ҷангу ҷанҷол бардоштам, ки занаки содда роҳашро монда, бераҳа гурехту дигар ёди хонаи писараш накард….
Баддаҳон
Акнун худам медонистаму дави аспам. Хоҳам ягон вақт ба хабаргирии хушдоманам мерафтам, нахоҳам не. Аз ҳисоби ҳамсояҳоям як - ду дугона доштам ва корам рўзи дароз чақ - чақу дугонабозӣ буд.
Хусурам ҳамеша меҳмони азизи хонадони ман буду ҷонашро аз ману духтарчаам дареғ намедошт. Худамро хушбахтарин зани дунё эҳсос намуда, касеро писанд намекардам.
Дар хонаи рў ба рўйи мо марди миёнсоле мезист, ки тақдири аҷоиб дошт. Ин марди сарватманд аз зани аввалаш ду духтар дошт. Духтарҳо шавҳар карда дар хориҷи кишвар зиндагӣ мекарданд. Зани аввалааш бемори фалаҷ буду дар бистар мехобид. Зани бемор ба шавҳараш иҷозат додааст, ки зани нав гирад.
Зани нави мард ҷавонзани қоматбаланди сафедандоми зебо бохчонашро нигоҳубин мекард. Ҳама ҳамсояҳо ба ин зан бо назари меҳр менигаристанд, ки ба бохчонаш ин қадар меҳрубон аст. Палонҷаш ҳам Хадичаро аз ҷонаш зиёдтар дўст медошту ҳамеша дуои ҷонашро мекард. Воқеае шуду ана ҳамин Хадичаи зеборо, ки аз ман понздаҳ - бист сол калон буд, ба худ душман эълон кардам...
Давом дорад ...
Аз идора: Идомаи қисаро пагоҳ шаб соати 21:00 мутолиа кунед.