Ман дар як деҳаи дурдасти кўҳистон ба дунё омадааму то синфи нўҳум байни чор кўҳ ба воя расида, дар мактаби деҳаамон таҳсил кардам. Падарамро дер - дер медидам, зеро он кас дар Душанбе кор мекарданду моҳе як ё ду бор ба аёдати мо фарзандонаш ва бибии пирамон меомад.
Падарам писари ягонаи волидонаш буд, вале дар деҳа наметавонист аз рўйи касби интихобнамудааш кор ёбад. Аз ин рў, модарамро пеши волидонаш монда, худаш дар шаҳр кор мекард.
Дар шаҳр хона ҳам доштем, аммо бибиам ҳеҷ аз деҳааш дил канда наметавонист. Апаи калониам ба донишгоҳ дохил шуда, ба шаҳр назди падарам рафт. Ману додаракам, ки аз ман як сол хурд буд, Худо мегуфтем тезтар калон шавему ба шаҳр равем.
Модарам дар пинҳонӣ ҳамеша бибиамро дуои бад мекард, ки “ҳамин миҷморуқ мемурд халос мешудем. Як умр ба умеди мурдани ў аз шавҳарам дур зиндагӣ мекунам”.
Оқибат дарахти армони модарам «гул» карду бибиам дар синни навадсолагӣ ҷон дод. Мо маъракаҳои ўро гузаронида, хонаамонро зери назорати ҳамсоя монда, ба шаҳр кўчидем…
Дар шаҳр
Хонаи мо дар бинои баландошёнае буд. Падарам рўзи дароз дар кор буд. Модарам бошад, ба қавли худаш даруни чор девор зиқ шуда, берун мебаромаду бо занони ҳамсоя чақ - чақу гап - гап мекард. Мо низ «кайф ин ҷо будааст» гўён бо писарону духтарони ҳамсинну соли худамон шӯхию бозӣ карда менишастем.
Зиндагии мо хеле оддӣ буд. Дар як ҳафта як бор хўроки гўштдор мехўрдем. Як ошёна поёнтар аз мо оилае зиндагӣ мекард, ки хеле сарватманд буданд. Марди хонадон дар як вазорати бонуфуз кор мекарду хонаи панҷҳуҷрагиашон чунон таъмире дошт, ки аз тамошояш сер намешудӣ. Ҷиҳозаш бошад мисли ҷиҳози хонаҳое буд, ки дар кинофилмҳо нишон медоданд.
Ин зану шавҳар ду писар доштанд. Зани хондон аз рўзҳои аввали омадан бо модарам дугона шуду аз саховаташон баҳра мебурдем. Зани ҳамсоя чунон хоксор буд, ки ифтихоре аз бадавлатти ҳамсари худ намекарду содда низ буд.
Модари ман аз содагии дугонааш истифода бурда, ҳафтаҳо хўрок намепӯхт, зеро холаи Сабзагул хешовандони зиёде дошту онҳо бо навбат омада (албатта бо гирифтани маблағи муайян) корҳояшро карда мерафтанд.
Писарони ин хонавода Саид ва Ориф низ мисли модарашон содда буданд, Саид ҳамсинфи ман буду Ориф бошад аз мо як синф поён мехонд. Ман ба ҳардуи онҳо дўстӣ доштаму аз ҳисоби эшон ба сайругашти шаҳр рафта чизе ки билам хоҳад харида мехўрдам. Хоса Саид ба ман хеле меҳрубон буду чизе хоҳам мўҳайё мекард…
Ишқи аввалу нақшаи модарам…
Саид сарватманду пулдор ва бачаи ситорагарм бошад ҳам, ягон духтари синфамон ба вай аҳмият намедод, зеро хонда ва навишта наметавонист. Ман, ки духтари аълохон будам, ба вай ёрӣ медодам. Оҳиста - оҳиста меҳнати ман самар оварду Саид кам - кам навишта ва хонда мешудагӣ шуд…
Ин ҳама холаи Сабзагулро хурдасанд мекарду бароям тўҳфаҳои гуногун мехарид. Ин зани содда бо ҳайрат мегуфт:
- Фозилаҷон, писарони ман дар беҳтарин мактабҳои пойтахт хонда, чизеро ёд нагирифтанд. Падараш аз қаҳр онҳоро боз ба мактаби оддӣ овард, аммо ту тавонистӣ Саиди маро аълохон кунӣ…
Ман дар дил ба ҳоли ин зани гаранг механдидам: Наход фарзандат дар синфи даҳу ёздаҳ хондану навиштанро ба зӯр ёд гирифта, аълохон бошад?!
Чашми модарамро хонаву дари зебо, ду ҳавлии дакаданги канори шаҳр, бӯстонсаро, мағозаҳои либосу мошинҳои гаронбаҳои онҳо хира карда буданду ҳамеша дар гўши ман мехонд, ки як бало карда дили Саиди галуро ёфта, бо вай хонадор шавам…
Давом дорад ...
Аз идора: Идомаи қисаро пагоҳ шаб соати 21:00 мутолиа кунед.