Аз 6 то 9-уми июни соли равон дар пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори сол-2026» баргузор гашт.
Тибқи иттилои Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, Шариф Шарифзода - омӯзгори фанни математикаи Гимназияи №2 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе дар даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Омӯзгори сол-2026” сазовори ҷойи аввал гаштааст.
Наврӯз Қурбонзода - омӯзгори Мактаби байналмилалии Президентӣ аз ноҳияи Сино сазовори ҷойи дуюм гашта, зинаи сеюм насиби Саёҳат Исмоилова - омӯзгори фанни забону адабиёти руси Гимназияи №74-и ноҳияи Фирдавсӣ шудааст.
Ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол-2026» дар чорабинӣ бахшида ба Рӯзи пойтахт бо мукофоти пулӣ ва Ифтихорномаи Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қадрдонӣ гардида, барои иштирок дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори сол-2026» роҳхат мегиранд.