Беҳтарин мураббиён ва варзишгарони тоҷик соҳиби ҷоизаи президент мегарданд
67 нафар мураббиёну варзишгарони комёбу муваффақи Тоҷикистон, ки дар соли 2025 ба дастовардҳои баланди варзишӣ ноил гардидаанд, имрӯз дар шаҳри Душанбе бо мукофотпулиҳои Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда мешаванд. Дар ин хусус аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додаанд.
Ғолибони озмуни ҷоизаи «Варзишгари беҳтарини сол», «Мураббии беҳтарини сол», «Мактаби варзишии беҳтарини сол», «Беҳтарин федератсияи варзишии сол», «Беҳтарин иншооти варзишии сол», «Беҳтарин шаҳри варзишии сол», «Беҳтарин воситаи ахбори омма дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш», «Беҳтарин сохтори маҳаллӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш», «Шореҳи беҳтарини соҳаи варзиш» ва «Варзишгар-навраси умедбахш» дар соли 2025 муайян ва қадрдонӣ карда мешаванд.
Бояд иброз намуд, ки дар заминаи сиёсати варзишпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои сатҳи байналмилалалии варзишӣ бо мукофотпулиҳои Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳавасманд карда мешаванд.
Аз ҷумла, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2026 ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мукофотонидани 67 нафар ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ ва мураббиёни онҳо тибқи рӯйхати замимагардида 2 миллиону 40 ҳазор сомонӣ ҷудо намуд.