Formula novemver 2024
Бештар кӣ худро қурбонии хушунат мекунад, мард ё зан?
690

 

“Дар як пурсише, ки дар он 400 нафар иштирок намудаанд, исбот шудааст, ки 97 дарсад мардон ва 72 фисади занон боварӣ доранд, ки зан барои нигоҳ доштани худ маҷбур аст, хушунати хонаводагиро таҳаммул кунанд. “

_54

Ин нуқтаро Нисо Шарифӣ, муовини раиси Лоиҳаи ACTED оид ба пешгирии зӯроварии гендерӣ дар Осиёи Марказӣ аз мушкили хушунат нисбати занон дар Осиёи Марказӣ қайд карданд.

Дар як семинари минтақавӣ, ки бо ташаббуси “Нури рушноӣ” барои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон бо рӯзноманигорони тоҷик оид ба гузориш дар бораи масъалаҳои баробарии гендерӣ, дар меҳмонхонаи “Румӣ”-и шаҳри Душанбе багузор гашт, мавзӯи баробарии гендерӣ ва пешгирии хушунат ва зӯроварӣ дар доираи намояндагони ваосити ахбори омма баррасӣ карда шуд.  

Зӯроварӣ ва хушунат дар хонавода мушкилии на танҳо Тоҷикистон буда, дар тамоми кишварҳои ҷаҳон ба назар мерасад. Аз андешаҳои рӯноманигорон ва иштирокчиёни ин нишаст, ки аз Осиёи Миёна ва Афғонистон ба чунин хулоса расидан мумкин аст, ки ин мушкилии тамоми ҷаҳон аст.

IMG_8432_1

Айнан ҳамин нуқтаро Хонум Амина Муҳҷаммад, муовини Дабири кулли созмони миллаи мутаҳид дар суҳбатҳои қаблиашон низ гуфта гузашта буд. Ӯ илова кард, ки ин мушкилӣ ҳатто дар давлатҳои тараққикарда низ вуҷуд дорад. Хонум аз афзоиш ёфтани хушунати хонаводӣ изҳори тааасуф кард ва гуфт, ки танҳо дар 2,5 соли гузашта (то соли 2021) хушунати ҷинсӣ дар ҷаҳон хеле зиёд шудааст, ки онро метавон як пандемияи “хомӯш” ном ниҳод.

шарифи_1 

“Як пажӯҳиш нишон додааст, ки дар 66 кишваре, ки омори ҷинояткорӣ ҷамъоварӣ шуд, 55 фисади ҳолатҳо кушта шудани занон аз ҷониби шавҳари ҳозира ё собиқаш сурат гирифтааст. Аз ҳама намудҳои маъмултарини зӯроварӣ нисбати зан зӯроварӣ аз ҷониби шавҳар ё пайвандонаш аст, ки онҳо ба таври мунтазам зӯроварӣ мешаванд ва аз тарси он ки ҷомеа ба онҳо назари манфӣ пайдо мекунанд, барои кумак муроҷиат намекунанд, гуфт Нисо Шарифӣ муовини раиси Лоиҳаи ACTED оид ба пешгирии зӯроварии гендерӣ дар Осиёи Марказӣ аз мушкили хушунат нисбати занон дар Осиёи Марказӣ.

Хушнат ва зӯроварӣ дар бештари маврид ба ҳодисаҳои нохуш, аз ҷумла худкушӣ ва куштор оварда мерасонад.

_53

Дар нишасти шашмоҳаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати кишвар ин нуқта ҳам дарҷ гардида буд. Ҳилолбӣ Қурбонзода, Раиси кумитаи мазкур омилҳои асосии худкушии занону духтаронро зӯроварии хонаводагӣ, сар задани нофаҳмиҳо дар оила, дузанагию сезанагӣ, хиёнату нобоварӣ, носозгорӣ ва моҷароҳои хонаводагӣ, ба тӯҳмату буҳтон гирифтор гаштан ва бемориҳои рӯҳӣ унвон кард.

Дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ 224 нафар бо сабабҳои гуногун ба худкушӣ даст задаанд, ки аз ин шумора 108 нафарро занон ва духтарони ноболиғ ташкил медиҳанд. Танҳо дар вилояти Хатлон, дар як соли охир 100 мавриди хушунату зӯроварӣ дар хонаводаҳо сабт шудааст ва аксаран занон мавриди зӯроварии ҷисмонӣ, равонӣ ва гоҳҳо шаҳвонӣ қарор гирифтаанд.

Нафароне, ки дар чунин ҳолати ногувор қарор доранду намедонанд ба куҷо муроҷиат кунанд, метавонад ба рақами кутоҳи 102 ва 19-19 Хизмати мадади Вазорати корҳои дохилӣ, ҳамчунин ба рақамҳои кӯтоҳи 1313 –и Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, тамос гирифта, мушкилии худро дар кутоҳтарин вақт ҳал намоянд.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД