Зиёда аз ду ҳазор хатмкунандаи макотиби олии кишвар ихтиёрӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтаанд.
Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон, зимни баргузории нишасти матбуотӣ қайд кард ва гуфт, бештари онҳое, ки ба сафи артиш пайвастанд, хатмкунандагони риштаи ҳуқуқ мебошанд.
Номбурда ҳамчунин афзуд, ки пеш аз муҳлат супоридани имтиҳони хатм ва пайвастан ба артишро худи хатмкунандагон пешниҳод намуданд.
"Тибқи қонуни нав онҳое, ки мехоҳанд, дар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ кор кунанд, бояд хизмат намоянд. Вазифаи муқаддаси ҳар як шахс аст ва ҳар як кас бояд хизмат кунад. Замоне ки ман донишҷӯ будам, баъди курси якум рафтам, ду сол хизмат кардам. Ин мактаби мардонагӣ аст ва ҳар як мард ин чизро бояд гузарад”, - қайд кардааст вазири маориф ва илми кишвар.
Далели пас аз имтиҳонҳо ба хидмат бурдани ин афрод он аст, ки онҳо пас аз супурдани имтиҳоноти хатм соҳиби маълумоти олӣ ҳисоб мешаванд ва тибқи қонун як сол хидмат мекунанд.
Дар Тоҷикистон дар ду навбат, баҳор ва тирамоҳ ҷавонони аз 18 то 27-соларо барои хидмат дар артиш ҷалб мекунанд. Ҳамасола даҳҳо ҳолати бо зӯрӣ ё “облава” бурдани ҷавонон ба артиш расонаӣ мешавад.