Lmarka 2025
Беш аз 150 нафар бар асари заминларза дар шаҳри Истамбули Туркия зарар дидаанд
708

Дирӯз, 23-юми апрел дар Туркия боз заминларзаи сахт ба вуҷуд омада, бар асари он беш аз 150 нафар зарар дидаанд. Дар ин бора расонаҳои хориҷӣ хабар доданд.

Заминларза дар шаҳри Истамбул сар зада, шиддаташ 6,2 бал будааст. Тавре Раёсат оид ба пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ дар Туркия хабар додааст, бар асари заминларза 151 нафар зарар дидаанд.

Тибқи маълумоти расмӣ заминларза соати 12:13 оғоз ёфта, шиддати он дар оғоз 3,9 бал будааст, вале баъдан замин боз чанд маротибаи дигар ҷунбида, ҳар дафъа шиддаташ бештар гардидааст. Заминларзаи сахттарин соати 12:59 дар Истамбул ба қайд гирифта шудааст, ки шиддати он 6,2 бал будааст.

Спикери парлумони Туркия Нуъмон Куртулмуш сокинони шаҳрро огоҳ намудааст, ки ҳушёр бошанд, зеро хавфи сар задани заминларзаи сахттар вуҷуд дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД