Беҳрӯз Насриддинов ровии шоу-барномаҳои радиои Азия-Плюс имрӯз миёни мардум шуҳрат ва маҳбубияти хос дорад.
Зебосанамҳои зиёде дар ишқи ин ҷавони шӯху бебок сӯхтаю пухта мегарданд, вале Беҳрӯз кайҳо маликаи худро пайдо намудааст. Имрӯз мо ба шумо достони ишқу издивоҷи ин ровии шуҳратёрро қисса мекунем. Мутаваҷҷеҳ бошед!
-Худованд мардро барои зан ва занро барои мард офаридааст. Беҳрӯзҷон, бигӯед, ки шумо нимаи дуюми худро чӣ гуна пайдо кардед?
-Ману ҳамсарам 11-сол пеш бо амри тасодуф шинос шуда будем. Ман он вақт донишҷӯи курси сеюм будам ва фориғ аз дарсҳо ҳамроҳи як ҷӯраҳои ҷониям дар як мағозаи бренди кор мекардам. Рӯзе ба ин мағоза духтараки фариштарӯе даромад ва ман бо дидани чеҳраи малакутии он нозанин якбора дил аз даст додам...
-Боз мегӯянд, ки ишқ аз нигоҳи аввал афсона аст...
-Афсона набудааст дӯстам, афсона набудааст! Ҳамон як нигоҳ буд, ки моро ошиқи зори Бону гардонд...
-Ҳамон замон изҳори муҳаббат кардед?
-Аз куҷо?! Ҷуръат надоштам, ки ҳатто ба рӯяш нигоҳ кунам. Хушбахтона духтарак боз чанд бори дигар ба мағозаи мо даромад ва ҳамин тавр бо баҳонаи савдо чашмаки ману чашмаки ту карда, оқибат ба дили ҳамдигар роҳ ёфтем...
-Волидонатон ба ишқи шумо зид набаромаданд?
-Мо муддати 7-сол хислату хӯйи ҳамдигарро омӯхта, баъдан издивоҷ намудем. Волидони ман, ки одамони бофарҳанг буданд, заррае мамониат накарданд.
-Тарафи арӯс дар хостгории аввал ризоият доданд ё ҳафт пушти шумо фаҳмидаю санҷида, баъд духтарашонро доданд?
-Росташро гӯям, ман пеш аз тӯй бо модарарӯсам шинос будам ва баъзан занг зада, аҳволпурсӣ мекардам, аз ҳамин хотир нею нестон накарда, фотиҳа доданд ва мо тӯй шудем.
-Оҳ балое, аввал дили модарашро ёфтам гӯед!
-Дил ёбу қанд хӯр гуфтаанд!
-Муносибати янга ба мухлисони шумо чӣ гуна аст? Ин қадар духтарҳо ба ту занг мезананд гуфта, ҳар шаб дар саратон чормағз намешиканад?
-Барои рашк кардан асос лозим аст. Ба қавли русҳо ман «повод» намедиҳам, барои чӣ рашк кунад?!
-Кадом хислатҳои янгаро меписандед?
-Хислатҳои ҳамидаи ҳамсарам хеле зиёданд, агар чунин намебуд, аз байни ин қадар духтарҳо ман маҳз ӯро интихоб намекардам. Беш аз ҳама ҳалимию меҳрубониашро меписандам.
-Бузурге фармудааст: Дар паси ҳар як марди муваффақ сояи наҳифи зани оқилае ниҳон аст” Шумо бо ин гуфта розӣ шуда метавонед?
-Дар ҳақиқат таъсири зан дар зиндагии мард хеле чашмрас аст. Зани оқила мисли нардбони устуворест, ки мардро дар зиндагӣ ба баландиҳо мерасонад. Ҳаким Фирдавсӣ ба ҳамин маънӣ мефармояд:
Зани хубу фармонбару порсо,
Кунад марди дарвешро подшоҳ.
-Дар ҷойи дигар мегӯяд:
Зани бад дар саройи марди накӯ,
Андар ин олам аст, дӯзахи ӯ
-Худо аз зани бад ҷумла мардонро нигаҳ дорад! (Механдад)
-Беҳрӯзҷон, як савол медиҳам, лекин фақат росташро гӯед: ҳамсаратонро то имрӯз дӯст медоред ё зери як бом зиста, одат кардаед?
-Инқадар суоли мушкил додед?
-Душвор бошад ҳам, мардона ҷавоб диҳед!
-Дӯсташ медорам, сар то по ошиқашам!
-Назартон ба мардҳои занкалон чӣ гуна аст?
-Рости бо ин мафҳум ошно нестам, аз ҳамин сабаб шаҳр дода наметавонам, чунки ба рӯзу рӯзгори ман дахл надорад.
- Зафар Абдуалимов, дӯсти наздики шумо, иқрор шуд, ки Мира "зӯр"-и хона аст. Дар хонаи шумо кӣ "зӯр" аст?
-“Гарантия” медиҳам, ки дар хона шефи калон худам ҳастам!
-Зиндаги пастиву баландиҳои зиёд доррад, то имрӯз чанд маротиба ба сари янга мушт бардоштед?
-Магар пастию баландиҳои зиндагӣ гуноҳи зан аст?! Чаро бе гуноҳ ба сари ҳамсарам даст бардорам?
-Чаро ба ҳамсаратон чанд вақт иҷозати кор кардан надодед?
-Ҳамсарам ҳамроҳи ман дар Медия Холдинги Азия-Плюс фаъолят мекунад. Ман боре ҳам зидди ба кор баромаданаш набудам ва нестам. Худованд дар бадали 4-соли зиндагӣ ба мо ду духтарчаи гул барин зеборо ҳадя намуд-Беназир ва Томирис. Ҳамсарам як муддат аз паси парастории кӯдакон буд.
-Шумо ҳамчун мард худро дар зиндагӣ хушбахт эҳсос мекунед?
-Худованд ба ман ҳамсари меҳрубону фарзандони нозанин ва обрую эътибор додааст. Магар хушбахтӣ аз ин зиёд мешавад?!
-Ҳамеша чунин хушбахт ва муваффақ бошед!