Formula novemver 2024
БЕРАҲМИИ ШАВҲАР ВА РӮЗИ СИЁҲӢ ШОДИГУЛ
04.12.2020
Р. Азимӣ
3425

 

Шавҳарам феъли баде дорад, баҳудаву беҳуда маро зери мушту лагад мегирад. Чандин маротиба қаҳр карда ба хонаи модарам рафтам, вале бо се фарзанд дар хонаи волидони пирам дарди сари зиёдатӣ шудан нахоста, ҳар дафъа боз ба хонаам бармегардам.

Равоншиноси азиз! Наход шавҳари маро ислоҳ кардан номумкин бошад?

ШОДИГУЛ.  Ваҳдат

Хоҳари азиз! Фаромӯш насозед, ки марди як бор ба сари занаш мушт бардошта ин корро дар оянда низ такрор мекунад. Шавҳаратон баъди танатонро сиёҳу кабуд кардан пушаймон шуда, наздатон ба зону зада, дастонатонро бӯсаборонкунон изҳори муҳаббат намояд ҳам, бовар накунед, зеро бешубҳа боз ба саратон мушт мебардорад. Гуфтанӣ нестем, ки бо аввалин муноқишаи оилавӣ зан бояд кӯчу бандашро ғундошта хонаи шавҳарашро тарк ва оилаашро вайрон намояд, як шаппотии дар сари қаҳру ғазаб ба рӯйи ҳамсараш фаровардаи мардро аз мушти ҳақиқӣ фарқ кардан лозим аст. Аз шаллоқи шавҳар қаҳр накунед, вале шуморо лагадкӯб кардани мардакатон ва кабудии аз зарби мушташ боқӣ гувоҳи он ҳастанд, ки ин мардро ислоҳ кардан бисёр душвор аст. Танҳо марди заифу сустирода ба сари зан мушт бардошта бо ин амалаш «мардонагӣ»-и худро нишон доданӣ мешавад. Ин мард ҳеҷ гоҳ бо марди дигар ҷангида наметавонад, чунки дар назди ҳамҷинси худ заиф буданашро медонад. Марди буздил зани табиатан заифтарро зери мушту лагад гирифта бо ҳамин васила гӯё қасоси худро аз зиндагӣ меситонад. Вай занро барои як гуноҳаш не, танҳо барои он мезанад, ки “зӯр” будани худро ба дигарон ва пеш аз ҳама ба худаш “ исбот” намояд.

Мутаассифона, шумо сабаби асосии задани шавҳаратонро ба мо ифшо накардаед. Мабодо мардакатон аз рашк шуморо зери мушту лагад мегирифта бошад, донед, ки ин тоифаи мардон ба ҳама чизу ба ҳама кас рашк мебаранд. Марди бадрашк ба худаш боварӣ надорад, барои ҳамин пайваста телефони бонуи худро тафтиш намуда, аз пасаш назорат мебарад, то ягон гуноҳашро ёбад. Нигоҳи яклаҳзаинаи як марди бегонаву ношинос ҳам баҳонаи хубест барои рашк кардани чунин марди сустирода ва бадрашк. Рашк низ як навъ бемории руҳӣ буда, гирифторони ин касалӣ ҳирси баланди азобдиҳӣ ва азиятрасонӣ доранд. Аз эҳтимол дур нест, ки шавҳари шумо низ чунин беморӣ дошта бошад. Ӯ шуморо моли худ мешуморад, ба ақидаи вай зан бояд ҳама фармоишҳои шавҳарашро иҷро намояд, фармонбардор бошад. Тавре ки қайд кардем, марди бадрашк ба худ эътимод надорад ва гумон мекунад, ки занаш пайваста ба ӯ хиёнат мекунад. Ин тоифаи мардҳо аксаран бо ҳилаву бо зӯрӣ ба мақсад расида, доираи дугонаву дӯстони ҳамсарашонро маҳдуд месозанд. Дар натиҷа зан танҳо монда, боз ҳам заифтар мешавад, чунки аз касе мадад пурсида наметавонад. Бояд қайд намуд, ки чунин рафтори мард дарҳол баъди шиносоӣ ё пас аз тӯй рӯшан намегардад. Як-ду соли аввал мард худро идеалӣ нишон медиҳад. Атрофиён аз муҳаббату ғамхорӣ ва занашро қадр кардани ӯ ба ваҷд меоянд. Вай рӯзе 10 бор ба занаш занг зада аз тамоми кори ӯ бохабар мегардад. Албатта чунин мард ба ҳама бонувон писанд аст!

Бо мурури вақт ғамхорӣ ба бемории руҳӣ табдил меёбад. Мард ба зан сахт одат карда, ӯро ҳамчун моли шахсӣ қабул мекунад. Зимнан, бояд гуфт, ки чунин мардон хиёнатпеша ҳастанд, вале рафтори худро ҳар гуна маънидод менамоянд. Ин мард дар ҳама ҳодисаҳои нохуш танҳо занро гунаҳкор намуда, ҳеҷ гоҳ гунаҳи худашро ба гардан намегирад. Хуб мебуд, ки духтарон қабл аз издивоҷ хислати домодро нағзакак омӯзанд ва баробари эҳсос намудани чунин хислатҳо аз ӯ дурӣ ҷӯянд.

Шумо, ки соҳиби се фарзанд ҳастед ва ҷойи рафтан надоред, беҳтараш бо кӯмаки калонсолони авлодатон шавҳаратонро сари номус оред. Мабодо худатон ягон гуноҳ надошта бошед, кӯшиш намоед, ки минбаъд ғазаби шавҳаратонро наоред, чунки шаттахӯрӣ ба ҳукми анъана даромада метавонад.

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД