formula feb 2025
Бензин дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории Газпромнефт бо 11 усул санҷида мешавад
24.04.2025
Oila.tj
812

Дар ширкати «Газпромнефт» системаи ягонаи ҳифзи сифати маҳсулоти нафтӣ амал мекунад. Назорати бехатарӣ дар ҳар марҳилаи интиқол аз завод ба зарфи мошин амалӣ карда мешавад. Ин нукта дар як чорабинӣ барои хабарнигорон, ки дар нуқтаи фурӯши сӯзишвории «Газпромнефт» дар Душанбе баргузор шуд, садо дод.

7_2

Сардори БТНГ Зафар Муллоев гуфт, ки сӯзишвориро аз анборҳои нафтӣ ба нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ 42 мошини интиқоли бензин ва газ интиқол медиҳанд. Аз соли гузашта парк ба пуррасозии мошинҳои нави замонавии тамғаи «Шакман», ки мувофиқи фармоиши махсуси корхона дар Чин истеҳсол карда шудаанд, оғоз намуд.

1_2

Ҳар як мошин дар тамоми тӯли хатсайр зери назорати камераҳои назоратӣ қарор дорад. Ин барои пайгирии ҳаракати мошини интиқоли сӯзишворӣ дар роҳ зарур аст, то сари вақт интиқол додани сӯзишворӣ ва бехатарии он дар роҳ таъмин карда шавад. Зарф аз се қисми муҳрдор иборат буда, се навъи сўзишвориро дар як вақт бидуни хатари омехташавӣ ба нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ расонидан мумкин аст.

5_3

Инчунин ҳангоми тартиб додани лоиҳаи мошинҳои интиқоли сӯзишворӣ роҳат будани ронандагон ба назар гирифта шуд: кобинаи барҳавою бароҳат, тарҳи махсуси курсиҳо, то ронанда ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои душвор роҳат бошад, кобинаҳо бо шамолдиҳак (кондитсионер)-ҳо таъмин карда шудаанд.

2_6

Тавре зикр гардид, ҳар мошин муҳри махсус дорад ва танҳо корманди масъули нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ҳақ дорад ин муҳрро кушояд. Пеш аз холӣ кардани сӯзишворӣ корманди нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ бори дигар шаҳодатномаи сифати маҳсулотро, ки бо ҳар як навбати сӯзишворӣ ҳамроҳ карда мешавад, месанчад. Он инчунин барои муштариён дар ҳар як нуқта дастрас аст. Ва дастури махсус оид ба хондани шаҳодатномаи сифат таҳия шудааст, ки он дар гӯшаи истеъмолкунандагон низ мавҷуд аст.

8

Ҳангоми дар нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ холӣ кардани сӯзишворӣ корманди нуқта дуруст васл шудани қисмҳои мошини интиқоли сӯзишвориро бо асбобҳои нуқта месанҷад, то хавфи омехташавии сӯзишворӣ бартараф гардад.

3_5

Дар рафти чорабинӣ роҳбари нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ Кристина Служаева дар бораи расмиёти гуногуни назорат, ки дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ гузаронида мешаванд, нақл кард.

4_5

Ҳар як нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дорои асбоби махсуси ченкунӣ мебошад. Кормандони нуқта таҷҳизотро мунтазам месанҷанд, то ин ки кори дурусти онро идора намоянд. Қобили зикр аст, ки ин асбобҳои ченкунӣ аз ҷониби Агентии «Тоҷикстандарт» санҷида шуда, ҳуҷҷатҳои махсуси тасдиқкунанда доранд. Зимнан, дар сурати ба миён омадани саволҳо, муштариён ҳуқуқ доранд, ки аз кормандони нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар ҳузури онҳо бо истифода аз асбоби ченкунӣ гузаронидани тартиби назоратро талаб намоянд.

Дар ширкат тартиби санҷиши ногаҳонӣ низ вуҷуд дорад. Шахсони масъули ширкат бе огоҳии пешакӣ ба нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ омада, кори дастгоҳҳоро месанҷанд ва аз сӯзишвории тамғаҳои гуногун намуна мегиранд. Ширкат ин марҳилаи назоратро барои таъмини кафолатҳои иловагии бехатарии сӯзишворӣ барои муштариён ҷорӣ кардааст.

3_6

Қисми муҳими системаи ягонаи назорати бехатарии сӯзишворӣ - кор бо фикру мулоҳизаҳои муштариён аст. Гуфта шуд, ки ширкати «Газпромнефт - Тоҷикистон» дар тамоми шабакаҳои иҷтимоӣ саҳифаҳои худро дорад, ки бо дархости ронандагон кор мекунанд. Ҳамчунин телефони боварии (44) 625-51-51 мавҷуд аст, ки муштариён метавонанд ҳар лаҳза занг зада, саволу пешниҳодҳои худро расонанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД