Салом ба хонандагони рӯзгордидаи сомонаи Оила. ТЧ! Ман як ҷавондухтари гунаҳкори бе гуноҳ ҳастам ва мехоҳам ҳодисаи аз сарам гузаштаро нақл карда, аз хонандагони рӯзгордида маслиҳат бипурсам.
Ман дар оилаи камбағал ба дунё омадам. Падару модарам зиндагии қашшоқонае доранд. Ба хотири каме ҳам бошад, дар кашидани бори зиндагӣ ба волидонам кӯмак расондан ман баъди хатми мактаби миёна таҳсиламро давом надода, дар як тарабхона ба сифати пешхизмат ба кор даромадам. Падару модарам ба кор краданам зид набуданд, вале чанд рӯз пеш як ҳодисаи нохуш рӯй дода, зиндагии маро такорӯ кард ва обрӯямро дар назди аҳли оила резонд.
Шабе марди сарватманде дар тарабхонаи мо ба дӯстонаш зиёфат дод. Раисамон хоҳиш кард, ки ман ҳам то рафтани меҳмонҳои олиқадр монда ба дигар пешхизматон ёрӣ расонам ва ваъда дод, ки баъди гусел карданашон худаш моро ба хонаҳоямон мебарад ва ҳамаашро ба пайвандонамон бо хушӣ мефаҳмонад. Гумон доштам, ки меҳмонҳои серпул барвақт зиёфаташонро хӯрда мераванд, вале хаёлам хом баромад. Мардҳои шикамдори пулмаст то як поси шаб шароб нӯшида, тарабхонаро бо рақсу бозию ханда ба сар мебардоштанд. Мусиқӣ монда мерақсиданд ва хаёли ба хона рафтан аслан ба сарашон намезад. Мо, пешхизматҳо тез-тез мизро тоза карда, табақҳои холишударо ба ошхона мебурдем.
Ҳангоми табақчаҳои холишударо ба ошхона бурдан ногоҳ яке аз он меҳмонҳои сархуш, ки марди шикамкалоне буд, пеши роҳамро гирифта, маро ба рақс таклиф кард. Узр хоста ӯро аз сари роҳам дур кардан хостам, вале он марди бадмаст зӯран маро ба оғӯш кашиданӣ шуд.
Бадбахтона ҳамин лаҳза падарам бо бародаронам аз дари тарабхона даромаданд ва ин манзараро дида хун ба сарашон зад. Бародаронам он меҳмони пулмастро лагадкӯб карданд, падарам бошад, дар пеши чашми ҳамкоронам маро чунон зад, ки аз даҳону биниам хун равон шуд ва чанг зада аз банди мӯям дошту бо дашному ҳақорат зада-зада ба хона овардад.
Чанд рӯз шуд, ки аз хона намебароям. Алами бегуноҳ шатта хӯрданам аз як тараф, суханҳои нешдори падарам, ки ҳар рӯз «духтар нашуда мур, барои пул шуда, обрӯи моро резондӣ” гуфта, маро таъна мезанад, аз ҷониби дигар ҷигархунам мекунад. Илтимос, маслиҳатам диҳед, бегуноҳиамро чи хел ба падару бародаронам исбот намоям?
Д. М, сокини шаҳри Душанбе