Arzon march 2024
Беадабии донишҷӯён дар нақлиёт: Шаҳр қишлоқ нест, бачаҳо!
1491

Чанд рӯз пеш дар дохили нақлиёти ҷамъиятӣ шоҳиди ҳодисаи ногуворе гаштам, ки натанҳо хотири банда, балки табъи тамоми мусофиронро хира гардонд.

Ману холаам он рӯз хаставу лакот ба маршрутка нишастем. Дохили нақлиёт пур аз одам буд, вале чанд нафар донишҷӯён бо садои баланд байни худ гап зада, чунон ҳазлу шӯхиҳои бемаънӣ мекарданд, ки ҳуш аз сари кас мепарид. Болои сергапиашон сару либосашон чиркин ва аз баданашон чунон бӯйи баде ба машом мерасид, ки дили кас беҳузур мешуд.

Холаам, ки зани тозаю озодаи олуфта аст, бетоқат шуда “тирезара ҳуй кне, ки ҳозир ҳаром мемурум”гуфтанд, вале ҳарчанд кӯшиш кардем, тиреза кушода нашуд. Аз донишҷӯён хоҳиш кардем, ки камтар дуртар истанд, аммо дар ҷавоб “маъқул набоша, такси кати равен”гӯён, дағалӣ карданд ва хандаю бозиашонро давом додан гирифтанд.

Бовар кунед, аз шиддати гармӣ ва бӯйи бад кам монда буд, ки бе ҳуш шавем, вале ҳарчанд “маршруткая манъ кунед” мегуфтем, ронанда намешунид, чунки садои қаҳ-қаҳаи донишҷӯёни беодоб салони мошинро пур карда буд. Хулоса, чанд маротиба дод гуфта, ниҳоят ба он муваффақ гаштем, ки ронанда мошинро боздорад.

Ҳамин тавр аз дасти донишҷӯёни беадаб мо маҷбур шудем ба манзил нарасида, дар нимароҳ пиёда шавем. Ба донишҷӯён гуфтаниям, ки шаҳр қишлоқ нест. Аввал маданияти рафтору гуфтор ва тозагиро ёд гирифта, баъд ба шаҳр хонданӣ биёед.

Зарнигор, сокини ш. Душанбе

Поделиться новостью
Шарҳ
(2)
Мухлис! 2023-09-22, 21:13
Аз кучо фахмидэн,ки ваё кишлоки бдан? Як гови р..... як подаро р... кардай гуфтан и амихэл кардан
Посух
Муъчиза 2023-09-30, 11:44
Шумо аз кучо медонад,ки он донишчуён аз кишлок хастанд, баъзе шахрихо аз кишлокихо 10маротиба бадтару ифлосу беодоб хастанд...
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(2)
Мухлис! 2023-09-22, 21:13
Аз кучо фахмидэн,ки ваё кишлоки бдан? Як гови р..... як подаро р... кардай гуфтан и амихэл кардан
Посух
Муъчиза 2023-09-30, 11:44
Шумо аз кучо медонад,ки он донишчуён аз кишлок хастанд, баъзе шахрихо аз кишлокихо 10маротиба бадтару ифлосу беодоб хастанд...
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД