arzon replenishment
Бе иҷозати писарам хонаро фурӯхта метавонам?
11.05.2024
ОИЛА.ТҶ
427

Ман дар шаҳри Душанбе хонаи 2-ҳуҷрагӣ дорам, ки дар он ба ғайри худам писар ва келину набераҳоям ба қайд гузошта шудаанд. Оё ман метавонам бе иҷозати писару келинам манзили истиқоматиямро, ки ба номи худам ҳуҷҷатнигорӣ карда шудааст, фурӯшам?

М., ш. Душанбе

Посух:

Ҳангоми ба амал баровардани ҳуқуқҳои маданӣ (гражданӣ) дар масъалаи ихтиёрдорӣ ва соҳибмулкии манзилатон, ки моликияти шахсии шумо ба ҳисоб меравад, шумо пурра ҳуқуқ доред, ки онро фурӯшед. Дар вақти бастани шартномаи хариду фурӯш, барои таъмини мавҷуд набудани баҳс вобаста ба манзили мазкур, аз ҳамсар ва дигар аъзоёни болиғи оила ариза-розигӣ барои фурӯш дар Идораи нотариалии давлатӣ гирифта мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД