24 майи соли равон дар гузаргоҳи сарҳадии “Қизилбел”-и Ҷумҳурии Қирғизистон мулоқоти навбатии раисони вилоятҳои Суғд ва Бодканд доир гардид. Дар ин бора Хадамоти матбуоти раиси вилоят хабар дод.
Дар мулоқот ҳамчунин роҳбарияти Раёсати КДАМ ҶТ, Раёсати Қӯшунҳои сарҳадӣ, Раёсати ВКД, Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ, раисони шаҳру ноҳияҳои Исфара ва Бобоҷон Ғафуров иштирок намуданд.
“Роҳбарони ҳайатҳо - Раиси вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода ва намояндаи ваколатдори Президенти Қирғизистон дар вилояти Бодканд Абдикарим Алимбаев зимни мулоқот аз анъанаҳои неки ҳамсоядорӣ ёдовар гашта, натиҷаи фаъолияти гуруҳи кории муштаракро мусбӣ арзёбӣ карданд”,-навишт манбаъ.
Зимни вохӯрӣ таъкид гардид, ки то кунун тамоми масъалаҳои марбут ба сарҳад сари вақт аз тарафи гуруҳи корӣ ҳал гардида, оини неки ҳамсоядорӣ риоя карда мешавад. Зеро халқи тоҷик ва қирғиз давоми асрҳо паҳлӯи ҳам зиндагонӣ намудаву урфу одат ва анъанаҳои миллии ду ҷониб таърихи қадима дорад.
Дар рафти мулоқот аз муносиботи ҳасана ва дӯстонаи ду миллат ёдовар гардида, бори дигар ҳали мушкилоту муаммои ҷойдошта, аз ҷумла истифодаи мақсаднок ва ҳамҷояи захираҳои табиӣ, аз ҷумла об муҳим арзёбӣ гардид.
Инчунин, фаъолияти бонизом ва ҳамҷояи мақомоти қудратии ду тараф, пешгирии ҳамагуна ҳолатҳое, ки ба нофаҳмӣ оварда мерасонад, чун пештара ба роҳ мондани муносиботи дӯстонаи сокинони марзӣ, бартарафсозии мушкилоти ба миёномада бо роҳи гуфтушунид дар сатҳи мақомоти маҳаллӣ ва фаъолони ҷомеъ ба манфиати кор дониста шуд.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки дар оянда низ фаъолияти гуруҳи кории муштарак дар тамоми зинаҳо дар сатҳи баланд идома карда, ҳамаи масъалаву муаммои пешоянда сари вақт аз тарафи намояндагони ду ҷониб ҳал гардида, сокинони ду кишвар дар фазои сулҳу субот ва эҳтироми якдигар умр ба сар мебаранд.