Formula novemver 2024
Баррасии масъалаи пиршавӣ ва дастгирии иҷтимоии пиронсолон
23.12.2024
ОИЛА.ТҶ
271

Пиршавӣ як раванди бисёромилагӣ аст. Ин омилҳо метавонанд дохилӣ ва берунӣ, объективӣ ва субъективӣ, маҳаллӣ ва глобалӣ, заминӣ ва кайҳонӣ гарданд. Ҳамаи ин омилҳои пиршавӣ бо ҳам алоқаманданд ва ба ҳамдигар таъсир мерасонанд.

Ин нукта зимни баргузории мизи мудаввар дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муаррифии лоиҳаи “Барномаи давлатӣ оид ба масъалаҳои пиршавӣ ва дастгирии иҷтимоии пиронсолон барои солҳои 2025-2029» зикр гардид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти вазорат, дар мизи мудаввар муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Шодихон Ҷамшед, намояндагони як қатор вазорату идораҳои мамлакат, шарикон оид ба рушд, сардорони раёсату шуъбаҳои дахлдори зерсохтори вазорат ва роҳбарони муассисаҳои соҳавӣ иштирок намудаанд.

Зимни ифтитоҳи мизи мудаввар муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Шодихон Ҷамшед иброз доштааст, ки “соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар мамлакат рушди мунтазамро касб карда, дастгирию ғамхорӣ нисбати категорияҳои осебпазири аҳолӣ, махсусан нисбати пиронсолон мақоми хоса дорад ва ҷиҳати фароҳам овардани шароити арзанда барои онҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, тавассути мақомоти ваколатдор амалӣ мегарданд”.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД