Arzon march 2024
Баррасии масъалаи ҳифзи ҳуқуқҳои маъюбон дар Вазорати тандурустӣ
346

Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон рӯзи 24-уми декабр ҷаласаи гурӯҳи кории доимамалкунанда доир ба ҳуқуқҳои шахсони маъюби назди кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Дар ин хусус Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ хабар додааст.

Дар ҷаласа масъалаи ҳифзи ҳуқуқҳои шахсони маъюб мавриди баррасӣ қарор дода шуда, таъкид шуд, ки ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, махсусан маъюбон яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки сиёсати пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 22-юми марти соли 2018 «Конвенсия дар бораи ҳуқуқи маъюбон» ба имзо расонида шуд. Ҳамзамон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27-уми феврали соли 2020 Нақшаи миллии амалҳо оид ба омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ва амалинамоии «Конвенсия дар бораи ҳуқуқи маъюбон барои давраи то соли 2024» қабул гардида, дар айни замон амалӣ мегардад.

Иштирокчиёни ҷаласа доир ба тадбирҳое, ки дар доираи «Нақшаи миллии амалҳо оид ба омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ва амалинамоии Ковенсия дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон» вобаста ба ҳифзи ҳуқуқҳои шахсони маъюб андешида шудаанд, сухан гуфтанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД