Маҷлиси намояндагони кишвар қонуни наверо қабул кард, ки тибқи он барои воридоти ҳама навъи аккумуляторҳо ба Тоҷикистон пардохти утилизатсия ситонида мешавад.
Ин талабот ҳам ба аккумуляторҳои мошин ва ҳам ба батареяҳои электромобилу дастгоҳҳои захиракунандаи нерӯи офтобиву бодӣ дахл дорад. Танҳо батареяҳои хурд, аз ҷумла барои телефон, ноутбук, соат ва бозичаҳо аз ин пардохт озод шудаанд.
Хуршед Каримзода, сардори Хадамоти гумрук гуфтааст, ки ҳадафи ин иқдом ҳифзи муҳити зист ва пешгирӣ аз зарари партовҳои хатарнок аст. Пардохт ҳангоми расмиёти гумрукӣ як маротиба ситонида шуда, ба буҷаи давлат ворид мегардад.
Маблағгузорӣ вобаста ба вазн муайян шудааст: аз 0,5 то 10 кг - 37,5 сомонӣ; аз 10 то 30 кг - 75 сомонӣ; бештар аз 30 кг - 2,6 сомонӣ барои ҳар килограмм.