Барои саёҳати меҳмонони Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» 7 хатсайр ташкил карда шудааст.
Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун иштирокчии ин конфронси бонуфузи сатҳи ҷаҳонӣ баҳри муаррифии зарфияти сайёҳии мамлакат барои меҳмонони конфронс 7 хатсайри беҳтарин омода намудааст.
Бино ба иттилои Кумита, дар доираи ин чорабинӣ меҳмонон метавонанд бо якчанд мавзеи зебою хотирмони мамлакат аз рӯи хатсайрҳои зерин шинос шаванд:
- Саёҳат дар шаҳри Душанбе.
- Сафар ва тамошои Қалъаи Ҳисор.
- Саёҳат ба шаҳри Норак (шиносоӣ бо сарбанди Неругоҳи барқи обии «Норак»).
- Саёҳат ба шаҳри Роғун (шиносоӣ бо Неругоҳи барқи обии «Роғун»).
- Саёҳат ба дараи зебоманзараи Ромит.
- Сайругашт дар дараи Варзоб ва қад-қади болооби дарёи Сиёма.
- Саёҳат ба Маҷмааи лижаронии Сафеддара.
- Дар ин сафарҳо меҳмононро намояндагони Кумитаи рушди сайёҳӣ, ширкатҳои сайёҳӣ ва роҳбаладон ҳамроҳӣ менамоянд,- меафзояд манбаъ.