Arzon accountant
Барои оштишавӣ кӣ бояд қадами аввалро гузорад: арӯс ё модаршӯй?
1861

Салом! Ман ҷавонзани 28-сола, модари ду фарзанд ҳастам ва мехоҳам дар як масъалаи муҳим аз хонандагони сомонаи Oila.tj маслиҳат бипурсам. Хушдоманам ба ҳама кор дахолат карданро дӯст медорад. Аз субҳ то шом мерӯбам, мешӯям, мепазам, вале ҳеҷ дили ин кампирро ёфта натавонистам. Қошу қавоқаш мудом овезон, ҳамеша ягон баҳона ёфта, заҳр мезанад. Косаи сабрам лабрез гашт ва дигар худамро дошта натавониста, чизе, ки дар дилам буд, ҳамаашро дар рӯйи хушдоманам ошкоро гуфтам. Аз ҳамон рӯз модаршӯям бо ман қаҳрӣ аст. Метарсам, ки зиндагиам аз рӯйи ин баҳс вайрон нашавад, вале ғурарам иҷозат намедиҳад, ки аз хушдоманам бахшиш пурсам, чунки ман худро гунаҳкор намеҳисобам. Корд ба ҷонам расид ва дарду алами диламро гуфтам, аммо...

Илтимос ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам?

МАНЗУРА, аз шаҳри Турсунзода

Посух:

- Мо ба чанд нафар бонувони синну солашон гуногун муроҷиат намуда, хоҳиш кардем, ки ба Манзура маслиҳат диҳанд ва инак андешаҳои онҳоро пешкашатон мегардонем. Шумо-хонандагони азиз низ имкон доред фикру андешаҳои худро дар шарҳ-комментария навишта, ба Манзура ва дигар занҳое, ки муносибаташон бо хушдоман чандон хуб нест, маслиҳат диҳед.

САДБАРГ, сокини ноҳияи Рӯдакӣ:

Бахшиш напурсед, вале...

- Албатта хушдоман ҳам модар аст ва бояд эҳтиромашро ба ҷо овард, вале баъзе модаршӯйҳо аз ҳад гузаронда, ҷони келинро ба лабаш меоранд. Дар масъалаи оштӣ шудан бошад, интизор нашавед, ки хушдоманатон худаш бо шумо роҳи муросо меҷӯяд. Одати мардуми тоҷик ҳамин аст, хушдоман ҳазор гунаҳкор бошад ҳам, худро ҳамеша “мусичаи бегуноҳ” шумурда, ҳама айбро ба сари келин бор мекунад. Ғуруратон ба бахшиш пурсидан иҷозат надиҳад, бахшиш напурсед, вале тавре рафтор кунед, ки гӯё байнатон ягон гап нагузаштааст. Дар омади гап ягон чизро пурсед, шӯхӣ кунед, аз хушдоманатон кӯмак хоҳед. Ҳамин тавр яхи байнатон об шуда, кинаҳо фаромӯш мешаванд.

ШАРОФАТ, аз Ашт:

Пойҳои хушдоманатонро маҳс кунед

- Хоҳед, ки зиндагиатон вайрону фарзандонатон зиндаятим нашаванд, ғурур ва такаббурро як сӯ гузошта бо модаршӯятон оштӣ шавед. Танҳо бо “мебахшед” гуфтани шумо дили хушдоманатон дубора гарм намешавад, барои об кардани яхи байнатон бояд хеле талош намоед. Барои хушдоманатон хӯрокҳои бомазза пазед, шабҳо дасту пояшро маҳс кунед, барояш ягон куртавори зебо ё туҳфаи дигар бихаред. Хулоса, шумо бояд коре кунед, ки хушдоманатон аз карда пушаймон буданатонро дарк намояд. Дар акси ҳол ба гумон аст, ки дар он хона рӯз бурда тавонед.

ГУЛБАҲОР, сокини шаҳри Душанбе:

Оташи моҷаро баланд нашуда, онро хомӯш созед

- Вазъияти шумо хеле ҷиддӣ аст ва кор то ба хонавайронӣ расида метавонад. Хушбахтии худро нигоҳ доштан хоҳед, оташи моҷаро ҳанӯз калон нашуда, онро бо кадом роҳе, ки набошад, хомӯш созед, вагарна ба гулхани бузурге табдил ёфта, зиндагии шуморо барбод медиҳад. Ғурурам иҷозат намедиҳад гуфта гаштан гиред, аздусар хушдоманатон ҷангу ҷанҷолатонро ба духтаронаш ва дигар хешу табор нақл карда, шуморо дар назди ҳама сиёҳ мекунад. Бовар кунед, бегуноҳ бошед ҳам, он вақт дигар худро сафед карда наметавонед. Кинаву адоват душмани бахт аст, бинобар ин, ҳатман аз модаршӯятон бахшиш пурсед ва кӯшиш кунед, ки кинаву адоватро аз дилаш берун созед.

ШАҲЛО, аз шаҳри Ҳисор:

Тоқат кунӣ, дар сарат чормағз мешикананд

- Манзура, ман шуморо мефаҳмам, ҳазор пуртоқат бошӣ ҳам, оқибат корд ба усухонат мерасад. Хушдомани ман ҳам мисли модаршӯйи шумо ба ҳама кор биниашро халонда, ҳамеша маро паст мезад, таҳқир мекард, ҳафт пуштамро дашному ҳақорат медод. Зиндагиам вайрон нашавад гуфта ба ҳамааш тоқат мекардам, аммо беҳ нашуда, торафт бадтар шуд. Оқибат кор ба ҷое расид, ки хушдоманам бо духтаронаш маро мезадагӣ шуданд. Ба инаш ҳам тоқат кардам, бо балвои модараш шавҳарам дар болои ман зан гирифт. Ҳамин тавр зиндагиам аз рӯйи хушдоман вайрон шуд. Маслиҳати ман ба шумо ҳамин аст, ки ҳаргиз худатонро паст назанед. Саратонро хам карда, бахшиш пурсидан гиред, дар болои саратон чормағз мешикананд.

ИНОЯТХОН, аз шаҳри Турсунзода:

Ягон мард модарашро монда, занро интихоб намекунад

- Хушдоманатон одами ганда бошад ҳам, фаромӯш накунед, ки шавҳари шуморо ҳамин зан ба дунё овардааст. Мехоҳед-намехоҳед, вай бибии фарзандони шумост ва бояд ба хотири кӯдаконатон бо хушдоманатон муросо кунед. Шукр гӯед, ки хушдоманатон то ҳол дар ин бора ба писараш шикоят накардааст. Бовар кунед, зан сар то по тило бошад ҳам, ягон марди баномус модарашро монда, занашро интихоб намекунад. Хоҳед, ки муносибати падари фарзандонатон бо шумо вайрон нашавад, ҳарчи зудтар аз хушдоманатон бахшиш пурсед ва дилашро ёбед, то ки ин моҷароро ба писараш нақл накунад.

АДОЛАТ, сокини шаҳри Хуҷанд:

Аз шавҳарат ҷудо шудан нахоҳӣ, дили хушдоманатро ёб!

- Мардуми рус мақоли хубе доранд: “Худой мир лучше доброй ссоры” Ҷангу ҷанҷол ва қаҳрӣ шудан аз назари дини ислом низ дуруст нест. Мегӯянд моҷарои якрӯзаи оилавӣ 40 рӯз файзу баракатро аз он хонадон мепаронад, барои ҳамин ғурурро як сӯ монда, аз модари шавҳаратон бахшиш пурсед. Бо мебахшед гуфтан, ягон ҷоятон кам намешавад, вале бар ивазаш шумо оилаи худро аз бадбахтиҳое, киаз пушти ин моҷаро ба саратон омада метавонанд, наҷот медиҳед. Фаромӯш накунед, зане, ки мехоҳад оилааш устувор бошад, бояд дар зиндагӣ бо модаршӯяш забон ёфта тавонад. Аз шавҳаратон ҷудо шудан инахоҳед, дили хушдоманатонро ёбед! Бовар кунед, падари фарзандонатон баъдан аз ин моҷаро огоҳ шавад ҳам, барои он ки аз хушдоманатон бахшиш пурсида, маҷбур накардед, ки вай байни шумо ва модараш якеро интихоб намояд, миннатдор мешавад. Зан бояд дар зиндагӣ мағрур не, оқила бошад, он гоҳ хушбахт мешавад.

АЗ ИДОРА:

Назари дигар дошта бошед, дар шарҳи мавод-комментария фикру андешаҳои худро нависед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД