- Барои таъмини таҳсилоти босифат баҳри омода намудани мутахассисони самти психологияи тиббӣ созишномаи ҳамкорӣ бо Донишгоҳи тадқиқоти тиббии Приволжскийи Федератсияи Россия ва Донишгоҳи улумпизишкии Шерози Ҷумҳурии Исломии Эрон ба имзо расонида шуд,- гуфт имрӯз ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон Муҳиддин Нуриддин зимни нишасти матбуотӣ.
Зикр гардид, ки дар доираи ин созишномаҳо мубодилаи академии омӯзгорон, таҷрибаомӯзӣ ва машғулиятҳои муштарак амалӣ гардида, аз рӯи барномаҳои нави таълимӣ мутахассисон омода карда мешаванд.
- Дар соли ҷорӣ бо мақсади таҳкими ҳамкориҳо бо муассисаҳои илмиву таълимии хориҷи кишвар ва амалисозии лоиҳаҳои илмии муштарак 19 созишномаи ҳамкорӣ бо муассисаҳои бонуфузи Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Олмон, ҷумҳуриҳои Қазоқистон ва Ўзбекистон ба имзо расонида шуданд. Дар доираи созишномаҳои мазкур, аз ҷумла консорсиуми ҳамкорӣ байни Донишгоҳи улумпизишкии Шероз, Донишгоҳи тиббии ғарбии Қазоқистон ва Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино таъсис дода шуд, ки гурӯҳи мутахассисон ва олимон дар самти омӯзиш, коркард ва истеҳсоли маводҳои доруворӣ муштарак фаъолият менамоянд,- гуфта шуд дар нишасти матбуотӣ.