Дар идомаи татбиқи барномаи хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ барои кормандони сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе рӯзҳои 25-26-уми июли соли 2026 хатсайри сайёҳии Душанбе - Балҷувон - Ховалинг - Душанбе ташкил карда шуд.
Бино ба иттилои Dushanbe-travel, дар хатсайри мазкур кормандони сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, намояндагони воситаҳои ахбори омма ва аъзои Ассотсиатсияи блогерони Тоҷикистон иштирок намуда, аз мавзеъҳои муҳими таърихӣ, фарҳангӣ ва сайёҳии ноҳияҳои Балҷувон ва Ховалинги вилояти Хатлон боздид кардаанд.
Нахуст иштирокчиён аз Муассисаи давлатии «Маркази таърихию фарҳангии Балҷувон» дидан намуда, бо таърихи ин ёдгории қадима, нақши он дар таърихи давлатдории тоҷикон ва имкониятҳои сайёҳии ноҳияи Балҷувон шинос шудаанд.