arzon replenishment
Барои халосӣ аз нарак аз кадом хӯрданиҳо бояд парҳез кард?
858

Агар дар пӯсти рӯй нарак пайдо шуда бошад, бояд аз истеъмоли баъзе хӯрданиҳо худдорӣ намуд. Инак, ҳангоми пайдо шудани нараки пӯст кадом хӯрокҳоро хӯрдан манъ аст?

1. Маҳсулоти нонӣ ва ширинӣ

То тоза шудани пӯсти рӯй аз нарак бояд аз истеъмоли ширинӣ, маҳсулоти нонӣ, меваву бутамеваҳои ширин худдорӣ намуд.

Чаро мумкин нест?

Маҳсулоти нонӣ ва ширинӣ равғани пӯстро бештар ҷудо намуда, микробҳои дар пӯсти рӯй пайдошударо ба худ ҷалб мекунанд. Аз ин рӯ, ҳангоми зиёд будани равғаннокии пӯст микробҳо афзоиш ёфта, дар натиҷа нарак пайдо мешавад.

2. Маҳсулоти ширӣ

Ба ғайр аз маҳсулоти ширӣ, бояд аз истеъмоли панири сахт, кефир ва йогурти аз шири гов омодашуда худдорӣ намоед.

Чаро мумкин нест?

Шири гов, аниқтараш сафедаи таркиби он сабабгори бештар гаштани равғаннокии пӯст мегардад. Ба ҷои шири гов метавонед шири буз ва шири гӯсфандро истеъмол кунед.

3. Фаст фуд

Шумо дӯстдори хот-догу гамбургер ва шаурмаву дигар намудаи фаст –фуд ҳастед? Пас, барои аз нарак тоза шудани пӯстатон бояд муваққатан аз истеъмоли ин хӯрданиҳо худдорӣ намоед.

Чаро мумкин нест?

Ҳар қадаре равғаннокии пӯст зиёд бошад, ҳамон андоза нараки бештар пайдо мешавад. Яке аз сабабҳои пайдошавии нуқтачаҳои сиёҳ дар пӯст низ ҳамин равғани пӯст аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД