Arzon march 2024
Барои дуздии аккаунт ҷавобгарӣ вуҷуд дорад?
29.08.2024
ОИЛА.ТҶ
1315

Оё барои дуздидани аккаунтҳои шахсӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла Инстаграм, аз ҷониби нафарони ношинос ҷавобгарӣ вуҷуд дорад.

Ҷавоб:

- Барои ин кирдор тибқи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст. Шумо метавонед бо ариза ба мақомоти милитсия муроҷиат намоед. Агар аккаунт ба тариқи дахлдор ба қайд гирифта шуда бошад, тибқи моддаи 298, боби 28 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон “ҷиноятҳо ба муқобили амнияти иттилоотӣ” ҷавобгарии ҷиноятиро нисбати ҳолатҳои мазкур пешбинӣ кардааст, ғайриқонунӣ даромадан ба иттилооте, ки дар система ё шабакаи компютерӣ, ё дар махзани мошинҳо мавҷуданд, бо вайрон кардани системаи муҳофизати онҳо - бо ҷарима ба андозаи аз дусад то чорсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

Ҳамчунин, агар объект ҳамчун моликияти зеҳнӣ эътироф карда шуда бошад, барои вайрон кардани он тибқи моддаи 156 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои азхудкунии муаллифӣ (асардуздӣ), ҳамчунин ба ҳаммуаллифӣ маҷбур кардан (агар ин кирдорҳо ба муаллиф ё дигар соҳибҳуқуқ ба миқдори калон зарар расонида бошанд) ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ карда шудааст. Инчунин, метавон барои ҷуброни зарари расонидашуда ба тариқи мурофиаи маданӣ (гражданӣ) ба суд муроҷиат намуд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД