Muhojirati behatar
Барои дар тобистон сиёҳ ва пир нашудан чи бояд кард?
439

 

 

Тобистон айёми беҳтарин аст, вале офтоби сӯзонаш боиси тираву пажмурда гаштани ранги пӯст ва сиёҳу пир шудан мегардад. Аз ҳамин сабаб аксари хонумҳо дар ин фасл ба ҷустуҷӯи крему малҳам ва дигар воситаҳои сафедкунандаи пӯст меафтанд, то ки чеҳраи худро тароват бахшида, аз пиршавӣ эмин нигоҳ доранд.

Аммо барои ҷавону зебо гаштан дар фасли тобис тон харидани малҳамҳои қиматбаҳо шарт нест, ҷойи ин воситаҳоро бо неъъматҳои худи табиат пур кардан мумкин аст.

Ниқобҳои тобистона
Дар ин рӯзҳои пурфайзи тобистон меваву сабзавоти зиёде пухтаанд, ки истеъмоли он на танҳо ба фоидаи саломатӣ, балки истифодааш муҷиби зебоӣ мегардад. Донистан мехоҳед, ки кадом меваҳо аз витамину микроэлементҳои барои пӯст муҳим серобанд?


Ниқоб аз қулфинай
Қулфинай хусусияти тароватбахшӣ, ғизобахшӣ ва ҳамвор кардани чинҳои рӯйро дорад, илова бар ин, пӯстро сафед мекунад. Қулфинайро бо асал ё малҳами дилхоҳи ғизобахш лат зада, ба рӯятон молед ва баъди 20 дақиқа бо докаву об тоза кунед.

Ниқоби ангурӣ
Ниқоби ангурӣ пӯсти хушкро нарм мекунонад. Барои омода сохтани ниқоби ангурӣ як қошуқ шарбати ангурро бо як қошуқ орд аралаш созед ва ба он зардии як тухмро илова намуда ба рӯятон молед. Пас аз 15 дақиқа рӯятонро бо оби ширгарм шӯед.

Ниқоб аз себ
Себро хурд реза карда, каме дар шир пазеду баъдан бо қошуқ кӯфта ба шавла мубаддал созед. Маҳлулро ба рӯятон молида, баъди 20 дақиқа рӯятонро шӯед.

Ниқоб аз банан
Як банани пухтаро бо блендер ё қошуқ лат зада, ба он ним қошуқ орди ҷуворимакка ва як қошуқча гиёҳоби бобуна илова намоед. Ниқобро ба рӯятон молед. 15 дақиқа пас рӯятонро бо оби ширгарм шӯед, ниқоби мазкур пӯсти дар офтоб сӯхтаро сафед мекунонад.

Ниқоб аз помидор
2-3 дона помидори пухтагиро реза карда, шарбаташро ба рӯю гарданатон молед ва 15-20 дақиқа нигоҳ доред.

Ниқоб аз шафтолу
Дилаи шафтолуро кӯфта, бо миқдори баробари гиёҳоби бобуна омехта намоед ва ба рӯятон бо ҳаракатҳои мулоими ангуштон молед. Баъди 10 дақиқа бо оби ширгарм шустушӯ кунед. Пораҳои шафтолуи тару тозаро ҳам ба пӯсти рӯй молидан мумкин аст.

Ниқоб аз бодиринг
Бодиринги тару тозаро хурд реза карда ба он чанд қатра шарбати бодиринг илова намоед ва ба рӯю гарданатон молед. Пас аз 20 дақиқа ниқобро бо сачоқ аз рӯятон тоза кунед. Ин амалиёт ба пӯст тароват бахшида онро сафед мекунонад.

Ниқоб аз картошка
Ду дона картошкаи обпазро кӯфта, гармогарм ба рӯю гарданатон молед ва 10 дақиқа нигоҳ доред. Ин амалиёт пӯстро сафед ва ҳамвор месозад. Ниқоб аз картошкаи хом пӯстро нарм карда, чинҳояшро ҳамвор месозад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД