Аксар вақт ҳангоми аз хоб бедор шудан аз чашмонамон ашк мерезад, гӯё гиря карда истода бошем. Сабабҳои ашки пас аз хоб метавонанд фарқ кунанд. Аз ҷумла норасоии гидратсияи чашм, мавҷудияти аллергия ва бемориҳои гуногун боиси рехтани ашк аз чашм мегаданд.
Имрӯз мо ба шумо дар бораи сабабҳои асосии рехтани ашк аз чашмон дар субҳгоҳон маълумот медиҳем.
1. Намии нокифояи сатҳи чашм дар давоми шаб метавонад сабаби рехтани акш гардад. Агар шумо дар хонаи ҳавояш хушк хоб кунед ё ҳангоми хоб чашмонатонро пурра напӯшед, ин ҳолат метавонад боиси бухор шудани моеъ гардад ва дар натиҷа пас аз бедор шудан ашк аз чашмонатон бирезад.
2. Шояд шумо аллергия дошта бошед, ки метавонад шом пайдо шавад ва шабона аз таъсири аллергенҳо ба монанди чанг ё ҳайвоноти хонагӣ ҳолатон бадтар шавад. Бояд қайд кард, ки баъзе бемориҳо, ба монанди конъюнктивит ё блефарит низ метавонанд боиси рехтани ашк гарданд. Агар шумо нишонаҳои дигар, аз қабили хориш, сурхӣ ё нороҳатии чашмро мушоҳида кунед, ба духтури чашм муроҷиат кардан лозим аст.
3. Баъзе мушкилоти чашмони обрав метавонанд аз волидон ба фарзандон гузаранд, хусусан агар падари шумо чунин шикоятҳо дошта бошад.
Барои кам кардани ашки чашм
Кислотаҳои чарбии Омега-3 хосиятҳои зидди илтиҳобӣ доранд ва метавонанд саломатии чашмро беҳтар сохта, ба коҳиши илтиҳоб ва хушкӣ мусоидат намоянд. Ин аксар вақт ба камшавии рехтани ашк кумак мерасонад. Истифодаи мунтазами Омега-3 метавонад ба беҳтар шудани ҳолати чашм ва рафъи ашки субҳ мусоидат намояд.