Рустам Сафаров, сармуҳаррири рӯзномаи "Набзи Бохтар"-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар, ба кӯмак ниёз дорад. Дар ин бора наздикони рӯзноманигор ба Oila.tj хабар доданд.
Яке аз дӯстонаш зимни суҳбат гуфт, Рустам 37 сол дошта, тӯли ду соли охир аз бемории костеохондроз ё бемории устухон ранҷ мекашад.
“Тибқи хулосаи табибони ҳам Москва ва ҳам Душанбе беморияш ба марҳилаи сеюм расидааст, ки дар ин ҳол бе иҷрои ду амали ҷарроҳӣ шифо ёфтан имкон надорад. Бинобар соиши зиёд ва ҳаҷман хурд шудани устухонҳои қисмати болои пой роҳгардияш рӯз аз рӯз душвор шуда истодааст”, - гуфт ӯ.
Ҳамсуҳбатамон қайд кард, ки барои анҷоми як амали ҷарроҳӣ дар Тоҷикистон 35 ҳазор сомонӣ зарур буда, ҷиҳати анҷоми 2 амал дар маҷмӯъ 70 ҳазор сомонӣ лозим аст.
Ӯ, ҳамзамон, илова кард, ки Рустам қаблан дар иҷора умр ба сар мебурд ва қабл аз бемориаш бо пули қарзи бонк соҳиби манзили хусусӣ ар шаҳри Бохтар шуд. Акнун бар замми маблағи қарз пардохти ҷарроҳӣ низ барои ӯ мушкил пеш овардааст.
Рустам қаблан дучори коронавирус шуда буду бистарӣ буд ва гуфта мешавад, ки ин бемориаш дар пайи гирифторӣ ба ҳамин вирус инкишоф ёфтааст.
Аз идора: Онҳое, ки ба рӯзноманигор кӯмак расониданд, метавонанд тариқи кортҳои Амонатбонк (5058270087671045), ҳамёни электронии Амонат-мобайл (939996416), Душанбе-Сити (9762000090849703), ҳамёни электронии Душанбе-Сити (939996416), Алиф-бонк (4444888811884760) ва ҳамёни электронии Алиф-бонк (939996416) ҷиҳати табобати ӯ саҳми худро гузоранд.