Баҳриддини Сабур, блогер, рӯзноманигор, ҳунарманд ва продюссер, роҳбари гуруҳи “Пешсаф”, чанд лаҳза қабл дар як сториси Инстаграммаш онҳоеро, ки ба бозии бурднок, ё ГИВ машғуланд, интиқод кард.
Ин блогери шинохта пурсидааст, ки ин ГИВ-ҳои тоҷикӣ кай бас мешуда бошанд?
Ӯ ин навъи бозиҳоро дурӯғу найрангу мардумфиребӣ ва дар маҷмӯъ, машеникӣ номида, аз онҳо пурсидааст, ки бо ҳамин тарз зиндагиро пеш мебаранд?
Ӯ ҳамзамон, изҳори нигаронӣ кардааст, ки баъзан бозигарони ГИВ худашон хонаву мошин ё телефон надоранд, вале барои обуначиёнашон чунин чизҳоро ваъда медиҳанд.
“Мебинум дар гивҳо мошину телефони айфон мемонеду гӯйё дар подписчикҳоятон медиҳед. Аввал ҳамон мошину телефона дар худатон харен”, - хитоб кардааст Баҳриддин.
Ӯ бори дигар ГИВ-ҳоро дурӯғ хонда, онро як воситаи хуби пулкоркунӣ барои соҳибони ин бозӣ унвон карда, хостааст онҳо бо меҳнати ҳалол пул кор кунанд.
Ёдовар мешавем, ки чанд моҳи охир аллакай ситораҳои маъруф ба гузаронидани бозиҳои бурднок ё ба истилоҳ ГИВ шуруъ карда, ҳамчун туҳфа бар ивази обуна шудан ба теъдоди зиёди онҳое, ки худи бозигар обуна шудааст, амволи гаронарзиш, чун нақлиёт, телефон ё пул ваъда медиҳанд.
Аз миёни онҳое, ки бо ГИВ бештар маъруфанд, Умеда Парсаева, Парвина Шукруллоева, Барон (Беҳрӯз Набиев) ва Ғолиб Мӯсоев (Ғолиб – шоу) мебошанд.