ҶСК “Барқи тоҷик” бо як муроҷиат аз сокинон ва истифодабарандагони неруи барқ хоҳиш кардааст, ки барои расонидани арзу шикоятҳои худ нисбати мушкилоташон, аз ҷумла пардохти маблағи барқ, хомӯш ва фаъол намудани неруи барқ низ ба ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» муроҷиат намоянд.
“Ҳарчанд гуфтем, ки масъалаҳои мазкур на ба уҳдадориҳои "Барқи тоҷик", балки ба ҶСК "Шабакаҳои тақсимоти барқ" шомиланд, вале сокинон ҳамоно шикоятҳояшонро ба суроғаи ҶСК "Барқи тоҷик" равон мекунанд”,- мегӯяд ин ниҳод.
ҶСК “Барқи тоҷик” афзудааст, ки сокинон метавонанд ҳангоми мушкилоти мазкур ба сомонаи расмии ҶСК "Шабакаҳои тақсимоти барқ" ворид шуда, ҳам рақам пайдо намоянд ва ҳам арзу шикояту дархост гузоранд.
Инчунин тавсия дода шудааст, ки бо рақамҳои телефони 778-88-60-21 ва 778-88-60-23 низ муроҷиат кардан мумкин аст.