Дирӯз бар асари боришоти шадиди барф дар маркази шаҳри Хуҷанд фоҷиа рӯй дода, боиси марги як мактаббача гаштааст.
Тибқи иттилои расонаҳо, ин ҳодисаи нохуш санаи 16-уми декабр рӯй дода, як дарахти азим бар асари шамоли сахт решагардон шудааст. Дарахт ба рӯйи мошини роҳгузар чаппагардон шуда, як мусофири мошин, ки хонандаи мактаб будааст, бар асари ин ҳодисаи нохуш ба ҳалокат расидааст.
Дар робита бо ин ҳодисаи нохуш аз тамоми ронандагон, пиёдагардон ва падару модарон эҳтиромона хоҳишмандем, дар ин рӯзҳои сард, ки кӯчаҳо пур аз барфу ях ҳастанд ва ҳаракат кардан ҳам барои нақлиёт ва ҳам барои пиёдагардон хеле душвор аст, эҳтиёткор бошанд. Махсусан ҳангоми гузаштан аз зери биноҳои баланде, ки дар бомашон шӯшаҳои яхин овезонанд ва вақти гузаштан аз зери дарахтони азими барфпӯш эҳтиёт бошед, зеро ҳар лаҳза метавонад ягон ҳодисаи нохуш рӯй диҳад.