Formula novemver 2024
БАРҚАСДИ ҲАМСОЯҲО ШАВҲАРИ ДУЮМ КУНАМ?
10.12.2020
ОИЛА
5681

 

Тақдиру насиб чунин будааст, ки дар бистсолагӣ бо ду фарзанд аз шавҳарам ҷудо шудам. Аз рӯзе, ки ба хонаи волидонам баргаштам, рӯз надорам. Занҳои ҳамсоя назди даромадгоҳи бино пичир-пичир мекунанд: «Дар синни 20 солагӣ бо ду кӯдак аллакай бева шудаасте…»

Чанд марди безан хостгорам шудаанд, вале ман мисли моргазида аз ресмони ало метарсаму чӣ кор карданамро намедонам.

Илтимос, маро дар лаҳзаи душвори умрам танҳо нагузоред. Интизори маслиҳатҳои шумоям.

С.Т., ш. Исфара

Маслиҳати равоншинос

Ба ғайбати ҳамсояҳо аҳамият надода, умедвор шавед, ки барои худу фарзандатон албатта пуштибон меёбед! Ҷустуҷӯи ҳамсафари ҳаётӣ кори осон нест, хусусан барои зане, ки аллакай як маротиба хонавайрон шудаасту кӯдак ҳам дорад. Аслан дубора бахт ёфтан ё наёфтан ба кӯдак доштан ё надоштани зан чандон алоқамандӣ надорад. Пуранд бонувоне, ки бе фарзанд аз шавҳарашон ҷудо шуда, дигар рӯйи бахтро намебинанд ва ҳастанд хонумҳое, ки бо се-чор кӯдак ҳам харидор меёбанд. Ҳамааш аз дилёбӣ ва маҳорати зан вобаста аст, аммо як қатор ноҷӯриҳои психологӣ вуҷуд доранд, ки ба ояндаи оила таъсири ҷиддӣ мерасонанд.

Зани танҳои кӯдакдор қалби шикаста дорад: хиёнати шавҳар, дилмондагӣ аз бахти аввал, ранҷу азоби ҷудоӣ… Паси сар намудани ин марҳилаи ҷонсӯз ба иродаи худи зан вобаста аст. “Ман дигар ҳеҷ гоҳ ба шавҳар намебароям» гуфта шинед, андешаи як умр танҳо мондан дар майнаатон амиқ ҷой мегирад ва дубора пайдо кардани бахт бароятон мушкил мешавад. Оҳиста-оҳиста танҳоӣ ба руҳияи зан таъсири ногувори худро мегузорад ва хислату хӯяш дигар мешавад. Маҳз аз ҳамин сабаб аксари бонувони аз шавҳар ҷудошуда дағал ва тундмиҷоз мешаванд. Ғурури нозарур ва суханҳои нешдор ниқобест, ки зани як маротиба “шаттаи бахтро хӯрда” мехоҳад хоҳишҳои ҷисму ҷони худро дар зери он пинҳон намояд, вале мардҳо қудрати дарки ин чизро надоранд. Дағалии зан марди ошиқро гурезон мекунад. Хоҳари азиз, пеш аз оне, ки дубора оила барпо мекунед, сабабҳои шикасти бахти аввали худро як маротиба таҳлил намуда, хулоса бароред, ки маҳз кадом рафторатон боиси хонавайрониатон гашт. Худро паст зада, нагӯед: «Ақаллан нафаре ёфт мешуду маро бо кӯдакам пуштибонӣ мекард». Издивоҷ бо аввалин марди пешомада на ба нафъи шумосту на бар нафъи кӯдаконатон. Мардеро биҷӯед, ки воқеан сазовори номи мардӣ ва ба боварӣ арзанда бошад, зеро зиндагӣ бозича нест ва шумо наметавонед шавҳари нобобро ба бозор бурда фурӯшеду ба ҷояш шавҳари нав бихаред. Беҳуда хонадоршавиро савдои умр намегӯянд, одам дар ин савдо бояд бисёр эҳтиёткор бошад. Дар назди кӯдаконатон ҳеҷ гоҳ бечоранолӣ накунед. Кӯдак ҳар як суханро ба таври худ қабул мекунад. Вақте модар фарзандашро ба оғӯш кашида «Ба ману ту касе лозим нест» мегӯяд, ин танҳо як гапи хушку холӣ аст ва зан дар қаъри дилаш ба дубора хушбахт шудан умед дорад, вале кӯдак ин гуфтаҳоро ҳамчун қонун қабул мекунад. Модар рӯзе дубора издивоҷ кардан хоҳад, кӯдак зидди ин никоҳ мебарояд. Ба ақидаи равоншиносон яке аз хатогиҳои модари танҳо дар он аст, ки ҳаёти шахсии худро бо ҳаёти оилавияш омехта мекунад. Аллакай марди табъи дилатонро пайдо карда бошед ҳам, шавҳаршавандаи наватонро дарҳол бо кӯдаконатон шинос накунед. Тифл метарсад, ки марди бегона модарашро аз ӯ ҷудо кардан мехоҳад. Саросемагӣ дар ин кор боз як хатари дигар ҳам дорад, Худо накарда ин мард бо шумо оиладор нашаваду кӯдаконатон ба ӯ одат кунад, азоби руҳӣ мекашанд. Ба шавҳаршавандаатон аз беодобии кӯдакатон шикоят накунед. Дар хотир доред, ки ин инсони кӯчак стресси сахтро аз сар мегузаронад. Худро ба хотир оред, ки баъди талоқ чи сон азоб мекашидед, ҳол он ки шумо одами калонсолу ботаҷриба будед.

      

  

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД