Хазинаи байналмиллалии асъор аз Ҳукумати Тоҷикистон даъват ба амал овардааст, ки бо мақсади беҳдошти идоракунӣ ва шаффофият ҷараёни реформаи корхонаҳои давлатиро тезонад.
Дар ҳамин замина бо мақсади дастгирии “Барқи тоҷик” Хазинаи байналмиллалии асъор баланд бурдани арзиши тарифҳои истифодаи барқро барои аҳолӣ ва корхонаҳои истеҳсолию саноатӣ тавсия додааст.
Ин бори аввал нест, ки нархи барқ дар Тоҷикистон маҳз бо тавсияи ҳамин гуна хазина ва ташкилотҳои байналмиллалӣ боло меравад. Тавре ки Азия-плюс менависад, тӯли солҳои 2016-2019 ҳукумат аз чунин тавсияҳо ҷонибдорӣ намуда, ҳамасола арзиши барқро то 15% боло мебурд, вале бо дарназардошти вазъи ногувори молиявии мардум дар давраи пандемия нархи барқ аз соли 2019 инҷониб бе тағйир монда, 22, 66 дирамро ташкил медиҳад.
Дар маҷмӯъ дар ҷумҳурӣ 10 намуд тарифҳо барои пардохти ҳаққи истифодаи барқ амал менамоянд, масалан корхонаи алюминии тоҷик моҳҳои май-сентябр барои истифодаи барқ 7, 20 дирам ва моҳҳои октябр-апрел 11, 80 дирам пардохт менамоянд. Корхонаҳои дигари истеҳсолию саноатии мамлакат барои ҳар як киловат соат барқи истифода шуда 55, 14 дирам месупоранд.
Қарзи “Барқи тоҷик” дар тӯли сол 3, 3 миллиард афзоиш ёфтааст. Айни замон “Барқи тоҷик” 32,3 млрд сомонӣ қарздор аст, ки ин маблағ тақрибан 2,5 млрд долларро ташкил медиҳад. Аз ҳамин сабаб бо мақсади пӯшонидани хароҷотҳо Хазинаи байналмиллалии асъор боз баланд бурдани нархи барқро дар ҷумҳурӣ тавсия додааст.
Ногуфта намонад, ки баланд бурдани арзиши барқро дар Тоҷикистон дар солҳои гуногун ҳамчунин Бонки байналмиллалӣ, Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд ва Бонки Осиёии рушд, ки сармоягузорони асосии кишвар мебошанд, тавсия дода буданд.
Қимати барқ дар 10 соли охир дар ҷумҳурӣ 2,5 маротаба боло рафтааст, агар соли 2019 мардум барои як киловат соат барқи истифода шуда ҳамагӣ 9 дирам пардохт мекарданд, акнун барои ҳар киловат соат барқ 22, 66 дирам месупоранд ва дар сурати аз ҷониби ҳукумат қабул шудани тавсия хазинаи байналмилалии асъор арзиши барқ боз ҳам болотар хоҳад рафт.