Филиали ширкати IRS дар Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар километри аз 60 то 73-юми роҳи Душанбе - Чаноқ 23 тарма фаромадааст.
Ба иттилои манбаъ, техникаҳои филиали Ширкат ба ҷойи ҳодиса сафарбар шуда, ҳаракати нақлиёт дар ин масир муваққатан маҳдуд гардидааст. Ҳамчунин, автомобилҳое, ки дар минтақаи тармафароӣ дар бунбаст монда буданд, ба макони бехавф интиқол ёфтаанд.
Дар робита ба ҳолати мазкур IRS аз ронандагон хоҳиш кардааст, ки бидуни омодагӣ ба роҳ набароянд.